Академик Муҳаммад Лутфуллозода ба синни мубораки 90 қадам гузошт
Зиёиён посдорони нангу номуси миллӣ ва равшангарони роҳи фардои миллатанд.
Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҷумҳурӣ шояд шахсе набошад, ки Муҳамадулло Лутфуллоевро нашиносад, зеро ӯ ба хонадони ҳамаи мо бо китоби «Алифбо»-и хеш ворид шудааст. Академик Муҳамадулло Лутфуллоев, чун арбоби илми тоҷик, бо заҳмату талоши шабонарӯзии худ дар рушди илми педагогикаи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон саҳифаи нав кушод. Ӯ аз мактаби бузурги устодони асри XX, чун Н. Маъсумӣ, Х. Мирзозода ва А. Нишонҷонов сабақ гирифта, имрӯз кору фаъолияти онҳоро идома медиҳад.
Муҳамадулло Лутфуллоев бо кашфиётҳои илмии худ ба дараҷаи устодӣ расида, мактаби илмии педагогии худро асос гузошта, даҳҳо олимонро тарбия намудааст, ки ҳамаи онҳо имрӯз якҷо бо устодашон дар рушди илми педагогикаи тоҷик саҳми арзанда мегузоранд. Барои таълифи «Алифбо» устод солиёни зиёд заҳмат кашидааст ва хушбахтона, ранҷи кашидааш имрӯз ганҷ дод. Таҳияи аввалин нақшаҳои барномаҳои таълимӣ, чун Стандарти давлатии таҳсилот, Консепсияи мактаби миллии тоҷик, Консепсияи тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандартҳои синфҳои ибтидоӣ, тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бевосита таҳти роҳбарии ин олим ва муҳаққиқи тавоно ҳамчун ҳуҷҷатҳои муҳими таълимию тарбиявӣ омода шудаанд, ки имрӯз кормнадони маорифи ҷумҳурӣ аз онҳо васеъ истифода мебаранд.
Муҳаммад Лутфуллозода (Муҳаммадулои Лутф) 15-уми майи соли 1935 дар деҳаи Бошбулоқи ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Дар синни дусолагӣ аз падар ятим монда, ӯро бобояш Давлатшоҳ тарбия кардааст. Соле, ки устод ба мактаби деҳаи Бошбулоқ (ҳозира Саричашма) қадам гузошт, ба оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омада, зиндагии бе ин ҳам вазнини хонаводаро боз ҳам вазнину сангин сохт. Солҳои ҷанг хеле душвор буд. Дар кӯҳистон агар баҳор бебориш меомад, зиндагӣ боз ҳам вазнин мешуд. Ҳамин буд, ки оилаи онҳо низ чун дигар кӯҳистониҳо, ба водии Вахш, аниқтараш ба ноҳияи имрӯзаи Бохтар, деҳаи Янги-турмуш (ҳоло Ҳаёти нав), кӯч бастанд. Зиндагонии оилаашон дар ин макони нав каме ранги дигар гирифт, зеро ин ҷо оби фаровон, заминҳои корам деҳқононро мехӯронду мепӯшонд.
Азбаски Маҳмадулло дар хондан қудрати фавқулодда дошт, ҳама хешу таборон, махсусан модари меҳрубонаш, тамоми имконро ба он равона мекарданд, ки ӯ хонад. Муҳамадулло соли 1953 Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Қӯрғонтеппаро бо дипломи аъло хатм намуда, фосилаи андак дар касби муаллимӣ кор кард ва баъдтар ҳуҷҷатҳояшро ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти педагогии шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) супорида, соли 1959 институтро бо дипломи аъло хатм кард. Бо пешниҳоди устодаш Носирҷон Маъсумӣ Муҳамадулло Лутфуллоев дар шаҳри Душанбе монд ва дар маҷаллаи «Мактаби советӣ» фаъолияташро оғоз кард. Баъди чанд муддат, бо дастгирии Н. Маъсумӣ соли 1961 М. Лутфуллоев дар факултети педагогика ва психологияи институт ба фаъолият оғоз кард ва ба пояи академикӣ расидааст.
Зинаҳои камолот:
Омӯзгор, донишманди маъруф ва ходими ҷамъиятӣ, доктори илмҳои педагогӣ (1990), профессор (1994), академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2003), аълочии маорифи Тоҷикистон (1997), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2008).
Аз соли 1961 ходими адабии маҷаллаи “Мактаби советӣ”, ассистент, муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, декани факултети педагогикаи Донишгоҳи омӯзгорӣ (1961-1978), мушовири вазири таълиму тарбия дар Афғонистон (1978-1984), директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ (1985-2002), аввалин президенти АТТ (2002-2008) ва бо ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст.
Устод М. Лутфуллозода дар 290 асару мақолаҳояш роҳҳои беҳтарини таълиму тарбияи инсонро нишон додааст ва таҳти роҳбарии ӯ 49 – нафар унвонҷӯён рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд.
Илова бар ин, дар Китобхонаи миллӣ дар назди шуъбаи рисолаҳои илмии Китобхона Толори академикҳо ва докторони илм фаъолият дорад, ки вазифаи асосии он ҳамъоварию гурўҳбандӣ ва мавриди омўзишу тарғиб қарор додани захираи китобхонаҳои шахсии академикҳо ва докторони илм мебошад. Боиси зикр аст, ки дар радифи 36 китобхонаҳои шахсии донишмандони тоҷик дар Толори академикҳо ва докторони илм китобхонаи шахсии академик Муҳаммадулло Лутфуллозода бо 839 китоб ҳифзу нигаҳдорӣ карда мешавад ва ҳамарўза аз ин захира хонандагони зиёд истифода менамоянд.
Таманно Салимова,
сармутахассиси шуъбаи
рисолаҳои илмӣ.