Ҳаким Низомии Ганҷавӣ дар боби илму адаб ва ҳунар
Ҳар кӣ дар ӯ ҷавҳари доноияст,
Бар ҳама кореш тавоноияст.
Банди фалакро кӣ тавонад гушод,
Он ки бар ӯ пой тавонад ниҳод?!
*****
Қадри аҳли ҳунар касе донад,
Ки ҳунарномаҳо басе хонад.
Он, ки айб аз ҳунар надонад боз,
З-ӯ ҳунарманд кай пазирад соз!
*****
Ҳар кӣ з-омӯхтан надорад нанг,
Гул барорад зи хору лаъл аз санг.
В-он ки дониш набошадаш рӯзӣ,
Нанг дорад зи донишомӯзӣ.
*****
Илмро хозини амал карданд,
Мушкили койинот ҳал карданд.
*****
Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ,
Даркӯшоӣ кунӣ, на дарбандӣ.
*****
Одамӣ н-аз пайи алафхорист,
Аз пайи зиракиву ҳушёрист.
*****
Хирад аст он, к-аз ӯ расад ёрӣ,
Ҳама дорӣ, агар хирад дорӣ.
Ҳар ки дорад хирад, надонад дод,
Одамисурат асту девниҳод.
*****
Аз ҷаҳон ин ҷиноятам сахт аст,
К-аз ҳунар нест давлат, аз бахт аст.
*****
Пири думӯйе, ки шабу рӯзи туст,
Рӯзи ҷавонӣ адабомӯзи туст!
*****
Ақли ту пирест фаромӯшкор,
То зи ту ёд орад, ёдаш биёр!
*****
Тухми адаб чист? – Вафо коштан,
Ҳаққи вафо чист? – Нигоҳ доштан!
Барзгар он дона, ки мепарварад,
Ояд рӯзе, ки аз он бар хӯрад.
*****
Ниюшанда як тан, ки бихрад бувад,
Зи нобихрадон беҳтар аз сад бувад.
*****
Гург зи рубоҳ бадандонтар аст,
Рӯбаҳ аз он раст, ки беҳдонтар аст.
Аз китоби Низомии Ганҷавӣ: “Ҳазору як андарз”
Таҳияи: мутахассиси пешбари шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.
Аз ин китоб хонандагон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ истифода кунанд.