Ҳаким Низомии Ганҷавӣ дар боби занон
Исмати зан ҷамоли шӯй бувад,
Шаб чу маҳ ёфт моҳрӯй бувад.
*****
На ҳар зан зан бувад, ҳар зода фарзанд,
На ҳар гул мева орад, ҳар найе қанд.
*****
Зан он беҳ, ки зевар кашад пойи ӯ,
На зан дон, ки зиндон бувад ҷойи ӯ.
*****
Он пӯшад зан, ки ришта бошад,
Мард он даравад, ки кишта бошад.
*****
Бо ваҳш ба ҳам сурудгӯйӣ,
Беҳтар , ки ба хона талххӯйӣ.
*****
Зан гарчи бувад муборизафкан,
Охир чу зан аст, ҳам бувад зан.
*****
Яке ҷуфти танҳо туро бас бувад,
Ки бисёр кас марди бекас бувад.
*****
Ба чандин канизони ваҳшинаҷод,
Мадеҳ хирмани умри худро ба бод.
*****
Гулро натавон ба бод додан,
Маҳзода ба девзод додан.
*****
Ҳар зан ба дасти зӯр хоҳанд,
Нон хушку асида шӯр хоҳанд.
*****
Зан он беҳ, ки дар парда пинҳон бувад,
Ки оҳанги бепарда афғон бувад.
*****
Зан майл зи мард беш дорад,
Лекин сӯйи коми хеш дорад.
Зан рост набозад он чӣ бозад,
Ҷуз зарқ насозад, он чи созад.
*****
Зане, к-ӯ намояд ба бегона рӯй,
Надорад шукӯҳи худу шарми шӯй.
Агар худ зан аз сангу оҳан бувад,
Чу зан ном дорад, ҳамон зан бувад.
*****
Кунад бо ҷинси худ ҳар ҷинс парвоз
Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз.
Нашояд бодро дар хок бастан,
На бо ҳам обу оташро нишастан.
*****
Касе он ойина бар каф чӣ гирдад,
Ки ҳар дам нақши дигар кас пазирад?!
Аз китоби Низомии Ганҷавӣ: “Ҳазору як андарз, Душанбе 2007
Таҳияи Саломат Яъқубова, сармутахассиси шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд