Акрамуссодоти Меҳрбахш (Эрон). Робиаи Балхӣ ва ишқи шӯрангези ӯ
Рӯзгоре дар Балх амири додгар ва диловаре буд, ба номи Каъб писаре дошт Ҳорис ва духтаре Робиа. Духтар дар зебоӣ ва суханварӣ шӯҳра буд, ончунон, ки ӯро Зайнулараб номиданд. Каъб дар вопасин рӯзҳои худ духтарро ба бародараш месупорад ва супоришҳо менамояд. Ӯ низ хоҳарро бо навозиш ва меҳрубонӣ нигаҳдорӣ мекунад. Шабе дар боғи қаср Ҳорис базме барпой медорад. Амирону надимон гирд омаданд. Бактоши ҷавон, ки хазинадори Ҳорис буд ва дар хубию зебоӣ ҳамтое надошт, масти бода буд ва пиёла мегардонд. Гоҳе рубоб менавохт ва даме овоз мехонд. Духтари Каъб ки аз боми қаср назорагар буд, ногоҳ чашмаш ба Бактош афтод, чунон ошиқ гашт, ки аз пой бияфтод ва бемор гашт. Аз дарди ишқи худ чунин мегӯяд.
Даъвати ман бар ту он шуд, к-Эзидат ошиқ кунод,
Бар яке сангиндиле номеҳрубон чун хештан.
То бидонӣ дарди ишқу доғи меҳру ғам хӯрӣ,
То ба ҳаҷр андар бипечию бидонӣ қадри ман.
Афлотун низ ишқро як мараз дониста ва мегӯяд. “Ишқ танҳо маразест, ки бемор аз он лаззат мебарад!” Шекспир бо нигоҳе латиф ишқро азоб меномад ва месарояд: “Ишқ ғолибан як навъ азоб аст, аммо маҳрум будан аз он марг аст!”
Дуктур Алексей Карл ҳиҷрон дар ишқро дастмояи таъолии рӯҳ медонад ва мегӯяд: “Ишқ вақте ба матлуби худ нарасад, рӯҳро таҳрик мекунад ва бармеангезад. Агар Биотрис завҷаи Данте шуда буд, шояд дигар асари бузурги шоир “Комедияи илоҳӣ” ба вуҷуд намеомад”.
Робиа, ки ба таъйиди Авфӣ “фориси ҳар ду майдон ва волии ҳарду баён ба назми тозӣ қодир дар шеъри порсӣ бағоят моҳир буд” сабри худро бо сабри Айюб қиёс дода мегӯяд;
Хабар диҳанд, ки борид бар сари Айюб,
Зи осмон малахону сари ҳама заррин.
Агар биборад заррин малах бар ӯ аз сабр,
Сазад, ки борад бар ман яке магас рӯйин.
Робиа, ки дил аз каф дода, чӣ зебо рози дил ба маъшуқ мегӯяд;
Ало, эй боди шабгире паёми ман ба дилбар бар,
Бигӯ он моҳи хубонро, ки ҷон бо дил баробар бар.
Ба қаҳр аз ман фиканди дил ба як дидор маҳрӯё,
Чунон чун Ҳайдари қаррор дар он ҳисни Хайбар –бар.
Гӯянд: Рӯзе Мӯсо Таврот мехонд. Шахсе аз шавқ пироҳани худро пора кард. Мӯсо пурсид: Чӣ мекунад? Гуфтанд: Аз шавқ пироҳан бар тан пора мекунад. Мӯсо гуфт: Ба ӯ бигӯед, аз сирри ишқ дилро пора кунад, на пироҳанро!
Рогбиаи Балхӣ аз таҳаввули рӯҳу равони худ мегӯяд, ки ҳар чӣ барои раҳоӣ аз ишқ кӯшиш намудам, самаре накард, зеро ишқ ҳамчун дарё бекарон аст, ки ошиқро дар худ ғарқ менамояд ва ошиқ дигар оқил нест, лизо дар роҳи ишқ бояд сахтиҳо кашид, зиштиҳоро зебо дид ва заҳрр монанди қанд чашид.
Ишқи ӯ боз андаровардам ба банд,
Кӯшиши бисёр н-омад судманд.
Тавсанӣ кардам надонистам ҳаме,
К-аз кашидан тангтар гардад каманд.
Ишқ дарёе каронанопадид,
Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд.
Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Баски бипсандид бояд нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хӯрду ангорид қанд.
Урафо дар бораи пайдоиши ишқ мегӯянд: “Ишқро аз ашақа гирифтаанд. Ва ашақа он гиёҳест, ки дар боғ падид ояд, дар буни дарахт. Аввал бех дар замин сахт кунад, сипас сар барорад ва худро дар дарахт печад. Ва ҳамчунон меравад, то ҳамаи дарахтро фаро гирад ва чунонаш дар шиканҷа кашад, ки нам дар миёни раги дарахт намонад. Ва ҳар ғизо, ки ба воситаи обу ҳаво ба дарахт мерасад, ба тороҷ мебарад, то он гоҳ, ки дарахт хушк шавад“. Ҳамчунон аст дар олами инсоният, ки хулосаи мавҷудот аст.
Вақте Мансури Халлоҷро бар пои дор бурданд, дар миёни шӯру ғулғӯлаи мардум, яке миёни ҷамъ хитоб ба Халлоҷ бирасид! Ишқ чист Халлоҷ ниҳояти ишқро бисёр ширин баён кардааст: Имрӯз бинӣ, фардо бинӣ ва пасфардо бинӣ. Он рӯзаш бикуштанд ва дигар рӯзаш бисӯхтанд ва саввум рӯзаш ба бод бардоданд, яъне ишқ ин аст. (Аттор)
Саъдии соҳибсухан набуди ишқро ботил будани умр мешуморад ва мефармояд:
Саъдӣ ар ишқ натозад, чӣ кунад мулки вуҷуд,
Ҳайф бошад, ки ҳама умр ба ботил биравад.
Ҷуброн Халили Ҷуброн бар ин бовар аст, ки: Имон бидуни ишқ шуморо мутаассиб, вазифа бидуни ишқ шуморо бадахлоқ, қудрат бидуни ишқ шуморо хашин, адолат бидуни ишқ шуморо сахт ва зиндагӣ бидуни ишқ шуморо бемор мекунад.
Робиа, ки ишқи худро ҳамонгуна, ки буд, пазируфт ва он гуна, ки мехост, мегӯяд:
Ту чун моҳею ман моҳӣ, ҳамесӯзам ба тоба-бар,
Ғами ишқат на бас бошад, ҷафо бинҳодӣ аз бар бар.
Дар дидгоҳи Робиа ишқ муҳаббати холисона ва бераёсат ба маъшуқ аст:
Агар хоҳӣ, ки хубонро ба рӯи худ ба ҳаҷр орӣ,
Яке рухсори хубатро бад-он хубон баробар бар.
Ошу низ чунон месарояд: замин бо осмон ва осмон бо замин ишқ меварзад. Тамоми ҳаёт дар дарёи беинтиҳои ишқ мавҷ мезанад. Бигзор ишқ парастиши ту бошад, ишқ як зарурат аст, танҳо ғизои рӯҳ!
Бузурге низ ишқро дар бахшиш мефаҳмад ва мегӯяд: Меҳрубонӣ дар гуфтор эътиқод меофаринад, меҳрубонӣ дар бахшиш ишқ меофаринад.
Робиа дар тамоми умр ишқ варзид ва дар ин бахшиш аз ҷон низ фурӯгузор накард:
Ҳаргиз рӯзе ба банда парво-т набуд,
В-андешаи ин бедили шайдо-т набуд.
Хӯрдем зи ту хуну нахӯрдӣ ғами мо,
Дар пойи ту мурдему сари мо-т набуд.
Дуктур Шариатӣ бо баёни дигар дар бораи куҳансолии ишқ, ки дӯст доштан аст мегӯяд: Он чӣ ду рӯҳи хешовандро дар ғурбати ин осмон ва замини бедард дардмандона медорад ва ниёзманду бетоби якдигар месозад, дӯст доштан аст. Худоё! Ҳар киро бештар дӯст медорӣ, ба ӯ биёмӯз, ки дӯст доштан бартар аз ишқ аст!
Мавлоно охирин каломро дар маънои ишқ мехонад:
Ҳар чи гӯям ишқро шарҳу баён,
Чун ба ишқ оям хиҷил бошам аз он,
Гарчи таъбири забон равшангар аст,
Лек ишқи безабон равшантар аст.
Чун қалам андар навиштан мешитофт,
Чун ба ишқ омад қалам бар худ шикофт.
Ақл дар шаҳраш чу хар дар гил бихуфт,
Шарҳи ишқу ошиқӣ ҳам ишқ гуфт.
Дар поёни ишқи онон ҳамин бас, ки Робиа ҷон ба каф ба фосила дод, то ҷое, ки Робиа худ дар васфи ишқ мегӯяд:
Ман нагӯям чу хуни дида биборам,
Ту чӣ гӯӣ чу хуни дида наборӣ?
Акнун бар онем, то биёбем, ки марзи ишқи ҳақиқӣ ва пок бо ишқи маҷозии ҳайвонӣ куҷост?
Агар касеро дӯст доред, даст бар шонааш бигузоред, агар рӯҳи шумо атру бӯйи нимаи гумшудаатонро гирифт, он ишқи ҳақиқӣ ва пок ва агар ҷисми шумо эҳсоси ҳузур кард, он ишқи маҷозии дуруғин аст. Дар ишқи пок агарчи назари ошиқ ба зоҳири маҳбуб аст, вале чун зоҳир намоди ботин аст ва нишон аз зоти Илоҳӣ дорад, худ заминасози ишқи ҳақиқӣ мешавад ва монанди пуле ошиқро ба сӯйи ишқи ҳақиқӣ раҳнамун менамояд:
Робиа азамати ишқи худро ин гуна месарояд:
Аё мӯъзин ба кору ҳоли ошиқ гар хабар дорӣ,
Саҳаргоҳон нигаҳ кун ту бад-он Аллоҳу Акбар бар.
Мадор, эй бинти Каъб андӯҳ, ки ёр аз ту ҷудо монад,
Расан гарчи дароз ояд, гузар дорад ба чанбар бар.
Ба таъбири зебои дуктур Шариатӣ ишқӣ ҳақиқӣ, ишқест фаротар аз инсон ва фурӯтар аз Худо ва дарк менамоем, ки ишқи ҳақиқӣ ҳаракати амудӣ аз хок ба малакут, ки онро “сафари дил” номанд ва ишқи маҷозӣ ҳаракати уфуқӣ дар рӯи замин аст, ки онро “сафари гил” номанд.
Ва ҷони калом ин ки ишқ ҳам дарду ҳам дармон аст, тараннуми зебоиҳост. Роиҳаи аз худ гузаштанҳост ва ишқ зиндагист. Пас ошиқ бошем, ошиқ бошем ва ошиқ.
МАНБАЪ: “Нигоҳе ба рӯзгор ва осори Робиаи Балхӣ”. Маҷмуаи мақолаҳо ба ифтихори бузургодошти Робиаи Балхӣ.
Мураттиб ва баргардонандаи матнҳо аз форсӣ ба крилӣ Анзурати МАЛИКЗОД.
Душанбе “Истиқбол”, соли 2010.
Ин китобро метавон дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кард. Таҳияи Манижа ИБРОҲИМОВА, мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.