Қаламкаше, ки қалами хоса дорад
Ин суҳбатест, ки моҳи июли соли 1991, яъне 32 сол пеш чоп шудааст. Манбаъе, ки мо истинод мекунем (саҳифаи “Хирад” дар Фейсбук), ҷойи чопи мусоҳибаро намегӯяд. Вале чун имрӯз зодрӯзи Муҳаммадзамони Солеҳ, яке аз тавонотарин насрнависони охири садаби бистуми милодист, хостем онро бознашр кунем. Суҳбат 32 сол қабл дар чиҳилсолагии адиби маъруф чоп шудааст.
**** **** ****
Аҷиб аст. Дунё ҳама аҷиб аст. Зиндагӣ низ аҷиб аст ва навиштаҳои ӯ ҳам аҷибие доранд. Аҷибие, ки ба қаламкашони дигар монанд не ва басо мураккаб. Чаро пурпечутоб, пурмуаммо менависад ӯ?
− Мафҳуми сахткӯшӣ ва мушкилписандии Шумо дар чист?
− Аслан худи мафҳуми адабиёт ё ҳунар худаш як мафҳуми васеъ ва хело мушкил аст. Адабиёте, ки имрӯз ва то имрӯз мо мефаҳмидем яъне воқеъот ва воқеанигорӣ мафҳуми умумии ҳунарро ифода намекунад. Ин баръакс асолат ва масъулияти инсонро аз худаш мегирад. Умуман ин чиз адабиёт буда наметавонад, зеро адабиёт ё ҳунар чизест, ки нест, вале бояд бошад. Яъне иртиботи адабиёт метавонад ба мазҳаб, агар қиёс кунем адабиётро ё ҳунарро бо мазҳаб ва ирфон. Мазҳабгурехтан аз гуноҳ аст, яъне саҷда кардан ба Худованду гурехтан аз худу гуноҳи худ ба сӯи Худо. Вале ирфон ин мисли як мурғи қафасӣ аст, ки мекӯшад аз ҳамон қафаси худ барояд ва ба ҳамон маъбуди худаш пайвандад. Вале ҳунар ва ҳунарманд он аст, ки ҳеҷ ҷой намегурезад, фирор надорад ва мехоҳад он чиро, ки ниёзи вай аст, дар ҳамон ҷой дарёбад.
Ягона фарқияти адабиёт ҳамин аст. Барои ҳамин ҳам аксарияти ҳунармандони маъруф ба монанди Нодир Нодирпуру Фурӯғи Фаррухзоду боз дигару дигарон мегӯянд, ки адабиёт дарича ё панҷараест (тиреза), ки вақте дохили он мешавед, шумо дигар баромада наметавонед аз он ҳисори худатон меравед. Ва он ниёзе, ки паси панҷара мондааст, шумо вориди хона мекунед ва месозед. Яъне инҷо қудрати холиқияти як инсоне ба вай интиқол шудааст, ки дар рӯҳи вай он чиро, ки Худованд дар табиат созмон надодааст, бояд созмон диҳад. Он чизро Худо дар замин наофаридааст, бояд биофарад. Яъне ҳадафи ман ана ҳамон инсонест, ки чор зиндонро мешиканад. Ин чор зиндон чист? 1. Зиндони табиат, яъне, ки вайро бехудо карданд. 2. Даъвои таърихи таърихчиён. Чи тавре мепурсанд, ки таърих чист? Мегӯяд чӣ чиз таърих нест, ки ҳатто ман таърихам, ин чизро мо шикастем. Мо марҳилаеро дар асри 19 тай кардем, ки ҳама даъво мекарданд: инсон маҳсули ҷамъият аст, яъне шахсиятрову ҳама чизро ҷамъият ба вуҷуд мебиёрад. Ин чиз ҳам моҳияти шахсро мекӯшад ва шахсиятро аз худаш дур мекунад. Ва боз ин ҷо гӯё масъулиятро аз гардани мо мегиранд ва ба гардани як гурӯҳе ҳавола мекунад. Яъне аслан ҳадафи ман рехтан аз хештан аст. Ва ниҳоят зиндони чорум, ки як ишқи бузургу басо ба ниёзи мардум зарур. Яъне, ки бояд ман аз худам гузарам, то дигаронро наҷот диҳад. Яъне ба қавле, ки ҷони худро қурбон карда, ҷони дигаронро харам.
Қаҳрамонҳои ман барои он мураккабанд, ки онҳо ҳадафашон, дардашон, ишқашон ҳамон ниёзи бениҳояти инсонист.
− Ба ақидаи Шумо навиштаҳоятон каме бошад ҳам, ба навиштаҳои ки ҳамрангӣ дорад?
− Умуман, гирем ҳеҷ инсоне ба инсони дигар монанд нест. Вақте, ки мо инсониятро дар шакли тиб мегирем, вақте мо ҳар як шахсро дар шахсияти худаш мекӯшему аз вай тиб месозем, мо ба каси дигар монанд мешавем. Вақте, ки мо ниёзи ҳар як инсонро ба оянда, ба сӯи абадият, ба сӯи Худо ё чизе нигарем, вай фарқкунанда аст, вай алоҳида аст, вай ҳеҷ гоҳ ба каси дигар монанд нест. Аз ин хотир, ман кӯшиш мекунам, дар баробари беҳтарини осори дунё қувваозмойӣ кунам, ки ин ҳадафи асосии ман аст. Ва ҳеҷ чиз барои мо адибон сад шуда наметавонад, зеро ҳама чиз дастраси мо аст. Эҳтимол аз ягон ҷиҳат як дард, як андешаи ман ба ягон нависандаи дигар монанд шавад, ва ё услуби ман ба каси дигар ҳамранг шавад, вале ин маънои онро надорад, ки ман ба вай тақлид мекунам ва ё мекӯшам навиштаҳоям ба асарҳои ӯ ҳамранг бошад. Сад дар сад ин ниёзи ман аст. Ҳарчӣ мегӯям, барои худ мегӯям ва аз худам мегӯям.
− Дар гумонатон навиштаҳоятон ба мардум писанд аст?
− Алҳол мардум мекобанд. Хайр, ба теъдоди кам ҳам бошад, чизҳои ман чоп мешаванд ва ба фурӯш мераванд. Ва мешунавам, ки мардум дар сарашон чӣ тӯр баҳс мекунанд. Аз диндор сар карда, то ба як марди фарзан сиёсатмадор дар бораи онҳо баҳс мекунанд. Ин албатта, худситоӣ нест, вале ҳамон тавре ки ҳаст мегӯям. Метарсам, ки ин гуфтаҳои маро мардум муҳобот гумон накунанд.
− Киро устоди худ мехонед?
− Доимо таъкид мекунам ва мегӯям: устоди ман адабиёти дунё ва фарҳанги олам аст.
− Аз зиндагии худ розиед?
− Агар розӣ мебудем, пас моҳияти зиндагии мо маънии худашро гум мекард. Камю як гапи хело аҷиб дорад. “Ман исён мекунам, пас ман ҳастам”. Ман боз мебиёям бар сари офариниши инсон. Вақте, ки Худованд инсонро офарид ва дар байни фариштагони худ эълон кард, ки ман халифаи худро меофарам, дар замин фариштаҳо исён карданду гуфтанд, “О ту боз як барҳамзананда, як хунрез, як қотил ва як фосиқкунанда чизеро ба дунё мебиёрӣ” ва Худованд гуфт. “Он чӣ ки медонам ва шумо намедонед” аст. Яъне ҳамин буд, ки Худованд ба замину осмону ҳама чиз эълон кард, ки ман амонате дорам, ки қодир аст, ки онро қабул кунад? Ҳеҷ кас сар набардошт ба ҷуз инсон, ки гуфт: “Ман”. Яъне, он амонати Худованд “иродаи озод” буд.
Ана ҳамон иродаи озодро ҳеҷ кас, ҳатто Худованд аз инсон нагирифт, ба инсон дод. Вале, ки мо имрӯз то ба дараҷае дар режимҳои сиёсиву идеологӣ инсонро аз ин ҳуқуқи интихобкардааш, иродаи интихобкунандаи озодаш гирифтем, ки ба ҷои мо дигарон фикр мекунанд, зиндагии моро ҳаллу фасл мекунанд, ки ин тамоман бемаънӣ аст. Ана ҳамин чиз ба мо ирода дод. Яъне, ки мо дар баробари ҷомеъа, худамон, фарзандонамон, табиат, Худованд ҳамаи масъулиятро ба гардани худамон мегирем. Мо ҳар чӣ ки нек мешавем, аз рӯи масъулияти худи мост. Ва агар бад шавем, ин ҳам масъулият дар гардани мост. Ҳеҷ кас ва ҳатто Худованд ин чизро дар сарнавишти мо навиштааст. Сарнавишти моро озод офаридааст. Яъне, худат чӣ хеле, ки нависӣ.
Дар пештоқи маъбади Делф навишта шудааст, ки “Худатро бо худат шинос!”. Ва ҳамчунин мақоле ҳаст, ки биёмӯз мегӯянд, “То худатро нашиносӣ, ба Худо нарасӣ”.
− Имрӯзҳо дар рӯзгори Шумо чӣ чиз намерасад?
− Дар зиндагии иҷтимоии ман ҳама чиз ҳаст. Вале вақте дар бораи худи ҷомеа фикр мекунаму дар бораи мардум фикр мекунаму дар бораи оянда фикр мекунам, ба ман ҳама чиз намерасад. Ба ман ҳамон ҳуввияти гузаштагони ман намерасад, ба ман ягонагии миллии ман намерасад, ки имрӯз ин қадар порча- порча аст, ки аз ин душманони миллию фарҳангии мо истифода бурда метавонанд. Ва мо намедонем, ки Душанбе баъд аз ҳазор соли дигар ба мо маркази интилектуалӣ буда метавонад ё не, зеро вай заминае надорад. Ин як шаҳри урупоӣ аст, ки мо шарқиён дарунаш зиндагӣ мекунем. Онро мо ватан номида наметавонем. Мо аз тамоми он марказҳои маъданию маърифативу фарҳангии худамон кандаему чӣ хел метавонем гӯем, ки мо қонеъ ҳастем. Мо кам метавонем робита кунем, ба ҳамфарҳангҳои худамон, ба ҳамзабонони худамон, ин магар ниёз нест?
– Имрӯзи мардуми тоҷикро чӣ ранг дидан мехостед?
− Мардумамро сарбаланд мехостам бубинам. Сониян вақте, ки чанд сол пеш аз нақшаҳои бозсозӣ бохабар шудем, ман ҳамон вақт андеша карда будам, ки агар ҳамаи ҳамин нақшаҳо амалӣ шавад ҳам, вале мо боз дер мемонем. Зеро мо парокандаем.
− Мебахшед, тоҷикон парокандаанд, ё Шумо парокандагии Иттифоқро дар назар доред?
− Ман берун аз Тоҷикистони худам, берун аз миллати худам фикр намекунам. Ман дунёро дӯст медорам, дар матни Тоҷикистон, дар матни миллати худам, дар матни фарҳанги худам. Агар ман ба фарҳанги дигаре рӯ биёрам, ман аз муҳаббати фарҳанги худам ба вай рӯ меорам, то қиёс кунам.
− Худро хушбахт меҳисобед?
− Намедонам….
− Аз чӣ ҳарос доред?
− Аз дурӯғу кибру ҳасаду кина дар ҳаросам.
− Ва дар охир: ба эҷодкорони ҷавон, чӣ таманно доред?
− Бештар ба ҳурияти миллии худашон баргарданд. Аввалин миллату фарҳанги худро шиносанд ва баъд дар баробари вай фарҳангу миллати дунёро. Ва аз худ ҳаргиз қаноатманд набудан. Ва ниёзи ҳаррӯза он чӣ ки нест, вайро дарёфтан. Ва омӯхтан, омӯхтан ва бениҳоят омӯхтан!
Шаҳло АБДУЛҲАЛИМОВА
30.07.1991