Алиҷубби Нойӣ: шоир, мусиқидон, оҳангсоз ва хаттот

Алиҷубби НойӣАлиҷубби Нойӣ соли 1567 ё 1580 дар Марв таваллуд шудааст. Оҳангсоз ва машшоқи тоҷику форс. Алиҷубби Нойӣ аз ҷавонӣ ба шеъру мусиқӣ шавқи зиёд дошта, баробари ин пешаи косибиро аз худ менамояд. Ӯ дар хаттотию китобат, ороишу тазҳиб низ ном бароварда, бино ба эътирофи муаррих Соммирзо (“Тӯҳфаи Сомӣ”) чандин девони классикони адабиёти тоҷику форсро китобату ороиш додааст.

Алиҷубби Нойӣ асосан аз даромади касби чоҳканӣ таъмини маишат мекардааст.

Алиҷубби Нойӣ мусаннифи асарҳои зиёди мусиқӣ ба мақомҳои “Рост” ва “Ҳусайнӣ” будааст (дар тазмини асари Алии Кормал). Оҳанги “Пешрави Ҳисор” аз ҷумлаи таснифоти маъмули ӯст. Ин асари ӯ бо номи “Пешрави Хоҷа Чортории найгир” низ маъмул аст.

Алиҷубби Нойӣ дар санъати навозандагию сарояндагӣ низ шӯҳрат дошта, бо бисёр мусиқишиносон дар иҷрою дарки таркиботи илмии мусиқӣ мунозираҳо мекардааст. Ӯ махсусан дар навохтани созҳои чортор маҳорати баланд доштааст.

Алиҷубби Нойӣ муддате дар Бухоро зиста, бо Мираки Маҷруҳи Чангӣ ва Кавкабии Бухороӣ аз наздик шиносмешавад ва аз онҳо нозукиҳои мақомҳоро меомӯзад. Ӯ дар тазмини зарбу авзони мақомҳо низ асарҳои тоза эҷод намудааст.

Алиҷубби Нойӣ инчунин табъи баланди шоирӣ дошта, ғазалро некӯ мегуфтааст.

МАНБАЪ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С. 313.

Муаллифон: А. Раҷабов.

Таҳияи Садирзода Шаҳноза
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.