“Алловиддин ва чароғи сеҳрнок” бо ҳуруфи брайлӣ дастраси хонандагони нобино шуд

Аловиддин-ва-чароги-сехрнокКитоби  «Аловуддин ва чароғи сеҳрнон»   бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи маъюбон «МЕҲРБАХШ» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии милиявии USAID» бо ҳуруфоти брайлӣ баргардонида шуда, ба шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд тақдим гардид.

Китобро Гулсара Эшниёзова тарҷума кардааст ва баргардони он ба ҳуруфи брайлӣ як иқдоми сутуданист. Хонандагони толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ҳоло имкон доранд ин китоби шавқоварро мутолиа намоянд.

Китоб бар асоси як афсонаи машҳури шарқӣ дар бораи Аловиддин аст, ки саргузашти аҷоибу ғароибе дорад.

Ҳамзамон бо пахши хабари нашри брайлии  “Аловиддин ва чароғи сеҳрнок” шакли электронии онро низ барои ҳаводорони афсона пешкаш мекунем.

Онро метавонем ин ҷо бихонед:

Аловиддин ва чароғи сеҳрнок

Рисолат ШЕРАЛИЕВА, шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон  маҳдуд.