Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии  «Китоби сол – 2021»  

17 декабри соли равон дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол -2021” бо иштироки ҳайати ҳакамон, иштирокдорон ва ғолибони озмун, шоирону нависандагон ва алоқамандони китоб бо тантана баргузор гардид.

 

Дар оғози маросим муовини вазири фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф ҳозиринро хайрамақдам гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки бо иқдомот ва дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои маънавии Тоҷикистони соҳибистиқлол барои рушди китобу китобхонӣ пайваста беҳтару хубтар мегардад. Пешвои миллат дар паёми солонаи хеш ба Маҷлиси олии мамлакат соли 2019 масъалаи нашри китоб ва оммавигардонии мутолиаи китобро махсусан таъкид карда, иброз доштанд, ки “Ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд”.

Мавриди зикр аст, ки китобҳои ба озмун пешниҳодгардида аз лиҳози сифати чоп, жанри бадеӣ ва тартиби ҳуҷҷатнигорӣ ба талаботи шартҳои озмун мувофиқат карда, ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» ҷавобгӯ мебошанд.

Аз рӯи шаш номина 41 довталаб китобҳои худро барои иштирок дар озмун пешниҳод карданд.

Муаллифони зерин ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол – 2021” гардиданд:

      Дар номинаи китоби назм

 

Ҷойи якум: Беҳрӯзи Забеҳулло, китоби “Сипоҳи сухан”.

Ҷойи дуюм: Гурез Сафар китоби  “Дидаи дард”.

Ҷойи сеюм; Раънои Хуршед китоби “Нотаи сабз”.

    Дар номинаи китоби наср:

 

Ҷойи якум: Дилвари Мирзо, китоби “Кайфар”.

Ҷойи дуюм: Сайдаҳамади Зардон, Хушқадам Холиқов, китоби “Кӯҳи оҳан”.

Ҷойи сеюм: Холиқназар Ҷумъазода, китоби “Биё, ки фолат бинам”.

     Дар номинаи асарҳои публисистӣ:

Ҷойи якум: Таълифи дастаҷамъӣ, таҳия ва пешниҳоди Рӯзномаи “Ҷумҳурият”, китоби “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ”.

Ҷойи дуюм: Абдуллоҳи Раҳнамо, китоби “Дидгоҳи давлатмеҳвар”.

Ҷойи сеюм: Ҷаъфар Ранҷбар, китоби “Тоҷикистони дирӯзу имрӯз”.

      Дар номинаи асарҳои назми бачагона:

 Ҷойи якум: Низом Қосим, китоби “Чӯҷа, ҷӯча ва хӯҷа”.

 Ҷойи дуюм: Маҳбуба Неъматова, китоби  “Одоб ҳусни инсон аст”.

 Ҷойи сеюм:  Нуруллои Ориф, китоби “Барбоси ман».

     Дар номинаи асарҳои насри бачагона:

Ҷойи якум: Сафияи Носир, китоби “Ситорачаи даруни себ”.

 Ҷойи дуюм: Баҳром Фирӯз, китоби “Бобо” (ба забони русӣ).

 Ҷойи сеюм: Дурдонаи Зафар, китоби “Дӯстӣ бузург”(ба забони англисӣ).

    Дар номинаи асарҳои тарҷумаи бадеӣ:

Ҷойи якум: Сайиднуриддин Шаҳобиддинов, тарҷумаи “Қонуни тиб”- Абӯалӣ ибни. Сино, аз арабӣ ба тоҷикӣ.

 Ҷойи дуюм: Салими Зарафшонфар, “Се шоҳкор” тарҷумаи романҳои

Луиҷи Пиранделло “Шодравон Матиа Паскал”, Френсис Скотт “Гетсбии муаззам” ва Ҳерман Ҳессе “Гурги даштӣ” аз русӣ ба тоҷикӣ.

 Ҷойи сеюм: Мутарҷимон Бурҳон Салмон,  Элвира Владимировна Султонова, “Бруно Ясенский ва Тоҷикистон”.