Ҳамдилӣ ва ҳамкорӣ дар корҳои ободонӣ

Бо мақсади ободонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити корӣ ва гирду атрофи муассиса, инчунин баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва фарҳанги меҳнатӣ кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳарари рӯзи шанбе фаъолона иштирок намуданд.
Дар рафти шанбегӣ кормандони муассиса ба корҳои ободонӣ, тозакунии ҳудуди атрофи бино, ҷамъоварии партобҳо, нарм намудани қитъаҳои замин, нигоҳубини дарахту буттаҳо ва дигар корҳои созандагиву беҳдоштӣ ҷалб гардиданд.
Иштироки дастаҷамъонаи кормандон дар ин иқдом ба беҳтар намудани ҳолати санитарӣ ва эстетикии муҳити атроф мусоидат намуда, дар таҳкими рӯҳияи ҳамкорӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба муҳити зист аҳаммияти муҳим дорад.
Дар маҷмӯъ, шанбегӣ дар сатҳи зарурӣ ва бо иштироки фаъоли кормандони сохторҳои гуногуни муассиса баргузор гардида, корҳои ба нақша гирифташуда иҷро шуданд


