Амир Акрамов:  Орзу дорам, ки одамон китоб бихонанд, китобҳо беҳтарин дўстони моянд

Амир АкрамовРўзи дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи миллӣ идома дорад. Дар бахши адабиёти ҷаҳон хонандагони синфҳои 1 то 4 қувваозмоӣ хоҳанд намуд ва он тибқи барномаи озмун то рўзи 1-уми ноябри соли равон ҷамъбаст мегардад. Дар ин бахш  бо як писараки донову дўстрў ва пурмутолиа ошно шудем, ки Амир Акрамов ном дорад ва хонандаи синфи 5-и гимназияи 74-и  ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аст. Ў беш аз 180 китоб аз осори адибони ҷаҳон мутолиа кардааст. Амир ҳамроҳи холааш Гулчеҳра Ғиёсова, ки муаллима аст, ба озмун омад. Ўро падару модар ва холааш кўмак намудаанд.

-Чаро ин бахшро интихоб кардӣ?

– Зеро ман забони русиро медонам. Ва тавассути  китоб ман метавонам тамоми илмҳоро биомўзам ва ба дигарон низ тавсия медиҳам, ки китоб мутолиа намоянд, чун китоб беҳтарин дўст аст.

-Чанд китоб хондаӣ?

– Бори аввал дар ин озмун ширкат намудам. Ва хостам истеъдодамро бисанҷам. Беш аз 180 китоб хондам, ки бештар романи нависандаи англис Даниел Дефо «Робинзон Крузо» ва нависанда, шоир ва журналисти ангис Редярд Киплинг «Маугли» маъқулам шуд. «Маугли» -ро ба он хотир писандидам, ки ин афсона дар бораи бачаи хурд аст, ки дар ҷангал зиндагӣ мекунад, ўро хайвонҳо тарбия дода буданд. Ҳайвонҳо наздикатрин каси ў шуданд.

Агар сазовори ҷойҳои намоён нашавӣ, ноумед намегардӣ?

– Не. Охир муҳим ғолибият нест, ширкат муҳим аст. Ба ҳар ҳол иштирок дар чунин озмунҳои сатҳи баланд шараф аст. Орзу дорам, ки одамон китоб бихонанд, китобҳо беҳтарин дўстони моянд. Бо шарофати китобҳо ман ҳар касе хоҳам шуда метавонам, зеро китобҳо дўстони содиқанд. Онҳо ба мо кўмак мекунанд.

Бо шарофати китобҳо тамоми истеъдодро метавон аз худ кард, зеро тамоми ҳунарҳо дар китобҳо дарҷ гаштаанд. Ҳатто агар ту ҳеч чизро надонӣ, метавонӣ онро аз китоб ёд бигирӣ.

-Чӣ гуна китобҳоро хондан мехоҳӣ?

– Адибони классики тоҷику русро мехоҳам мутолиа намоям. Ҳамчунни аз асарҳои нависандагони сатҳи ҷаҳонӣ хонданро дар нақшаам ворид кардаам.

-Дар оянда кӣ мешавӣ?

–  Дар оянда барномасоз  шудан мехоҳам. Зеро барномасоз қариб бо тамоми касбҳо алоқаманд аст, бо шарофати ин касб метавон ба дигар касбҳо кўмак расонд. Ҳамзамон хондани китоб ба намояндагони тамоми касбу кор зарур аст, ҳатто ба барномасоз. Охир одамон компютерро  чӣ гуна мефаҳманд, агар китоб нахонанд?

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.