Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ…
Ҳайати кормандони шуъбаи коркарди адабиёт, шубаи адабиёти хориҷӣ бо дастгири роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон баҳри қонеъ намудани дархосту талаботҳои рўзафзуни хонандагон, иштирокчиён ва ҳаводорони озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» аз фонди захираи эҳтиётӣ теъдоди муайни китобҳо аз қабили осори классикони форсу тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, афсонаҳо, чистонҳо ва ғайраро баҳри ғанӣ намудани фонди умуми Китобхонаи миллии Тоҷикистон муҳайё намуданд.
Умедворем, ки ин иқдоми неки ҳайати роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон баҳри қонеъ намудани дархости иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии мусоидат намуда, аз миёни аҳли шаҳрвандони Тоҷикистон чеҳраҳо ва ситораҳои дурахшони илму адаб, истеъодҳои нав ба навро муаррифӣ менамояд.
Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боре дар як суханрониашон фармуданд: “Халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида, ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омўзгори беминнат, ҳамсўҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурўғи субҳи доноӣ медонистанд”.
Дар ҳақиқат, суханони Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи китоб ҳамчун омўзиши ганҷинаи илму маърифат, фарҳанг, таърих натанҳо барои насли имрўза зарур, балки дар оянда ба он эҳтиёҷ доштан ва омўхтани инсонҳоро низ собит намуданд. Таъриху фарҳанг, илму дониш ки аксандози маънавиёти инсон ва маҳсули тафаккури одамист, дар навиштаҳо ифода меёбад. Навиштаҳо аз қадим муқаддасанд, зеро зарра-зарра ба ҳам омада ҷилдҳои китобҳоеро тартиб додаанд, ки дар онҳо таъриху фарҳанг, иҷтимоиёту иқтисодиёти мо ва билохира тамоми бурду бохти мо сабт гардидаанд. Ва махзане, ки тамоми ин навиштаҳоро гирд овардаву маҳфуз медорад, даргоҳи муқаддастарин аст.
Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд, барояш китоб бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омўзгори беминнат мешуморанд, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурўғи субҳи доноӣ» медонистанд.
Аз фарҳангистони даврони Сосониён – «Гунди Шопур» ёд овардан кифоят аст, ки китобхонаи бузургаш аз 250 ҳуҷра ибрат буд, ҳазорҳо китоб ба паҳлавию юнонӣ ва ғайра он ҷо ҳифз мешуданд. Хоса замони Сомониёни волотабор аксари шаҳрҳои қаламравашон китобхонаҳо доштанд, дар Бухоро бузургтарин ва ғанитарин китобхонаи давр – «Сивон-ул-ҳикмат» («Савонулҳикма») бунёд ёфт, ки замина ба илми китобдорию китобшиносии миллиамон гузошт. Маҳз ҳамин аҳди дурахшони Сомониён буд, ки забони ноби тоҷикӣ – форсӣ шакл гирифт, чеҳраҳо ва ситораҳои дурахшони илму адаб қад баланд карданд, фарҳанги воло боиси ҳастӣ ва пойдории минбаъдаи миллат, таъриху забони он гардид.
«Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст».
Ин нуқтаи асосиро Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромаду гузоришҳои хеш қайд намудаву пиру ҷавононро ба мутоилаи ҳар чӣ бештари китоб раҳнамун месозанд. Аз ин рў, ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандўстро зарур аст, ки ҳастии хешро ба мутоилаи китоб бахшида, дар ин роҳ аз хеҷ гуна мушкилиҳо наҳаросад.
Зикр бамаврид аст, ки озмуни ҷумҳуриявие, ки зери сарпарастии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Фурўғи субҳи доноӣ ки тоб аст» мегузарад, иқдоми саривақтӣ ва хеле муҳим буда, баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, ҳисси ватандўстиву, хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва дарёфти шахсиятҳои нави боистеъдод дар ҷодаи суханвару сухандон, соҳибмаърифат мебошад.
Имрўз пушида нест, ки ваъзи китобхонӣ дар китобхонаҳо рўз аз рўз беҳтар гардида истодааст. Акнун китобхонаҳо на ҳамчун анбори китоб ва макони китобтақсимкунӣ балки, ки ба ганҷинаи илму маъруфат табдил гардидаанд.
Валиев Ҷамил – корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон.