Ҳамоиши илмии “Умре бо мусиқӣ” дар Китобхонаи миллӣ

Китобхонаи миллӣМуассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 75-солагии санъатшиноси маъруф профессор Аслиддин Низомиро таҷлил намуд.

Ҳамоиши илмӣ бо ибтикороти шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ доир шуда, онро муовини директор Сайфиддин Камолзода оғоз намуд.

Нозим Нурзода, мудири бахши таҳқиқоти роҳбурдии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, сархатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд, Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, Ҳабиба Ҷалилиён, директори коллеҷи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд ва Баҳодур Давлатзода, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар маҳфили илмӣ суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиш Сайфиддин Камолзода Аслиддин Низомиро мусиқишиноси маъруфи тоҷик унвон кард, ки дар самти таҳқиқи илми санъатшиносӣ хидматҳои шоиста анҷом додааст. Сипас ӯ муруре ба фаъолиятҳои ин донишманди соҳаи мусиқӣ намуда, аз хидматҳояш дар роҳи мусиқии миллӣ ва муаррифии он ба ҷаҳониён ёдовар шуд.

Китобхонаи миллӣТаъриху фарҳанги мо, махсусан адабиёту мусиқии тоҷикон яке аз бузургтарин ва рангинтарин мероси фарҳангӣ дар таърихи тамаддуни башарист, гуфт дар ибтидои суханрониаш Камолзода. Ӯ дар дар идома афзуд, ин мероси бузург дар ҳар давраи таърихӣ бо кўшишу талош, ҷустуҷўҳои муттасили олимону андешамандони огоҳ ва ифтихорманд байни мардумони дигар баррасию тарғиб мешуданд. Маҳз тавассути корҳои таҳқиқӣ-бунёдии зумраи олимони садоқатманди мо, арзишҳои бузурги дар тўли таърих рӯи саҳна овардаи мардуми фарҳангофарамон дастраси ҷомеаи ҷаҳонӣ шудаанд.

Китобхонаи миллӣНозим Нурзода мудири бахши таҳқиқоти роҳбурдии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар маҳфил суҳбат намуда, гуфт устод Аслиддин Низомӣ аз ҷумлаи донишмандон, фарҳангшиносон ва мусиқишиносони нодири миллиест, ки солҳои тӯлонӣ дар риштаи таҳқиқи мушаххасоти мусиқии касбӣ ва вазифаҳои масъули давлатӣ самаранок фаъолият карда, бо талошҳои фаровони илмӣ-эҷодӣ ва менеҷерӣ-мудириятӣ миёни доираҳои сиёсию мадании миллию фаромиллӣ соҳибэҳтиром гардидааст. Мавсуф солҳост, ки бо такя ба донишу маърифат ва ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии фардӣ, фарогирии иттилооти ихтисосию фалсафии ҷаҳонӣ сари муҳимтарин масъала ва мушкилоти илми мусиқии касбии миллию фаромиллӣ таҳқиқ мекунад ва маҳсули мурур мутолеаҳо, таассуроту бардоштҳо, мушоҳидаву муқоисаҳо ва муоширату мубодилаҳояшро дар қолиби монографияҳо, китобу рисолаҳо ва маводу матолиби ҷолиби илмӣ-ихтисосӣ ва илмӣ-оммавӣ паахшу нашр менамояд.

Аз сӯйи дигар изҳор дошт ӯ, устод Аслиддин Низомӣ таҷрибаи мактаби мусиқишиносии русӣ-шуравӣ ва миллӣ-ватаниро гузашта, дар муҳити академӣ, илмӣ-ихтисосӣ ва мадании ватанӣ минҳайси пажуҳишгари номдор ва коршиноси аршади мусиқии Шарқ низ муаррифӣ шудааст. Гузашта аз ин, мавсуф забонҳои русӣ, узбекӣ, арабӣ ва англисиро дар сатҳи илмӣ медонад ва ба сифати шарқшинос-мусиқишинос дар ҳавзаҳои илмии дохилӣ ва хориҷӣ аз нуфузи чашмгире бархурдор аст.

Китобхонаи миллӣШоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар суханронии худ иброз дошт, ки дар бораи Аслиддин Низомов сухан гуфтан бисёр душвор аст, чунки соҳааш серпаҳлӯ аст, ба ҳар коре даст занад, комёб мешавад. Агар як риштае пур аз гиреҳ бошад, ҳамаи гиреҳҳоро кушода, риштаро дароз мекунад.

Ба ин муваффақият, ба номи баланд сазовор шудан осон нест. Нони ҳалоли меҳнатиро хӯрда бисёр маъхазҳоро варақ зада, худашро ба як қомуснома табдил дода, имрӯз дар кадомм мавзуе суҳбат орояд, албатта Аслиддин Низомӣ гапи худашро меёбад. Воқеан устод аст Аслиддин Низомӣ ҳам дар сухани шифоҳӣ, вақте дар ягон маҳфил сухан мегӯяд, ҳам дар ягон расона. На танҳо дар гуфтугӯ, дар навиштан ҳам дасти дароз дорад. Вақте ман дар нашрияи “Ҷумҳурият” сармуҳаррир будам, мақола меоварду бо шухӣ мепурсид мақолаи мо кай нашр мешавад? Мегуфтам аввал  мақолаи Шумо нашр мешавад, зеро мақолаи шуморо таҳрир карда намешавад. Шумо тарзе менависед, ки ҳар як ҷумлаи шумо дар пасманзар тасдиқоти илмӣ дорад, сухани шумо пухта аст. Ман на танҳо мақолаи шуморо нашр мекунам, балки имкон шавад ҳаққи қалами хубу мукофот ҳам медиҳам.

Китобхонаи миллӣМаврид ба ёдоварист, ки дар нишаст паёмҳои тасвирии иддае аз пажӯҳишгарон, ҳунармандон, мусиқидонҳо аз Эрон, Узбекистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи Аслиддин Низомӣ ва осори ӯ барои ҳозирин нишаст намоиш дода шуд.

Ҳунармандони маъруф Соҳиба Давлатшоева, Хосият Ортиқова, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Абдумаҷид Бобоев, ҳунарманди ансамбли давлатии “Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зумрае аз шогирдони устод Аслиддин Низомӣ таронахонӣ карданд.

Аслиддин Низомӣ бо номи “Умре бо мусиқӣ” як суханронии пурмуҳтаво дошт, ки  дар бораи таърихи ҳунар ва ҷойгоҳи мусиқии миллии мо дар мусиқии ҷаҳонӣ нақл мекард.

Фаъолияти кории Аслидин Низомӣ ба сифати ходими илмии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш оғоз ёфта, солҳои 1976-1982 масъулияти мудири кафедраи мусиқии шарқи ДДСТ ба номи М.Турсунзода, 1982-1986 сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанги ҶТ, 1986-1987 директори Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, 1987-1998 дар Пажӯҳишгоҳи таърихи АИҶТ, 1999-2000 сардори шуъбаи кадрҳо ва муассисаҳои таълими вазорати фарҳанг, 2005-2007 мудири шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2007-2012 ректори ДДСТ ба номи М. Турсунзодаро ба зимма дошт. Солҳои 1999-2007 ҳамзамон ба ҳайси раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон низ фаъолият карданд. Ҳоло, ба сифати мудири шуъ. санъатшиносии АМИТ фаъолияти чашмрас дорад.

Китобхонаи миллӣАслиддин Низомӣ муаллифи китобҳои “Таърих ва назарияи Шашмақом”, “Мақоми рост”, “Умре бо мусиқӣ”, “Таърихи мусиқии тоҷик”, “Шашмақом дар назми форсӣ-тоҷикӣ”, “Абдурраҳмони Ҷомӣ ва илми мусиқӣ” ва чанд асари дигар мебошад, ки ҳар кадом дар илми мусиқӣ, фарҳангу ҳунари кишвар нақши муҳим доранд.

Кормандони шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дар гӯшаи толоре, ки ҳамоиш доир шуда буд, намоиши китобҳои соҳибҷашнро ташкил карда буданд.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа