Ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Дастнависҳо – мероси фарҳангии миллат»

Имрӯз, 1 июли соли 2026, бо мақсади муаррифӣ, ҳифз ва омӯзиши мероси гаронбаҳои хаттии тоҷикон, дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Дастнависҳо – мероси фарҳангии миллат» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони муассисаҳои илмӣ ва фарҳангии кишвар, муҳаққиқон, олимон ва коршиносони соҳа иштирок намуда, доир ба масъалаҳои омӯзиш, ҳифз, тавсиф ва муаррифии дастнависҳои таърихӣ ҳамчун ҷузъи муҳими мероси фарҳангии миллат маърӯзаҳо ироа намуданд.
Ҳамоишро директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфия Абдулхолиқзода, ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки нусхаҳои хаттӣ аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ буда, барои шинохти воқеии таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик аҳамияти бузург доранд ва дар рушди тамаддуни башарӣ нақши муассир мегузоранд.

Зикр гардид, ки саҳми нусхаҳои хаттӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла адабиёт, фарҳанг, риёзиёт, нуҷум, тиб, фалсафа, дин ва давлатдорӣ назаррас мебошад. Маҳз тавассути ҳамин мероси хаттӣ осори гаронбаҳои олимон, донишмандон ва адибони гузашта то ба имрӯз ҳифз гардида, дастраси муҳаққиқон ва пажӯҳишгарон шудааст.
Директори Китобхонаи миллӣ таъкид кард, ки Китобхонаи миллӣ аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҷамъоварӣ, таҳқиқ, ҳифз ва тарғиби нусхаҳои хаттӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Аз ҷумла, моҳи майи соли 1933 Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии назди Комиссариати халқии маорифи Тоҷикистон аввалин маҷмуаи дастхатҳои нодирро ба Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ интиқол дод. Соли 1934 дар китобхона шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир таъсис ёфт, ки имрӯз яке аз махзанҳои асосии нусхаҳои хаттии кишвар маҳсуб меёбад. Самтҳои асосии фаъолияти шуъба ҷамъоварӣ, таҳқиқ, коркард, ҳифз ва нигоҳдории нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои чопи сангӣ буда, кормандони он дар таҳияи феҳристҳои илмии дастнависҳо низ саҳми арзишманд гузоштаанд.

Сипас, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бадриддин Мақсудзода дар мавзуи «Колофон ё анҷома дар нусхаҳои хаттии форсӣ» маърӯза намуда, аҳамияти колофонро ҳамчун яке аз унсурҳои муҳими нусхашиносӣ шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, маҳз тавассути таҳлили колофон метавон давраи китобат, шахсияти котиб ва аслияти нусхаро муайян намуд. Ӯ таъкид кард, ки колофон барои ҳар як нусха нақши «шиноснома»-ро иҷро мекунад.
Дар идома профессор Сайфуллоҳ Муллоҷонов як нусхаи хаттиро аз коллексияи шахсии худ муаррифӣ намуда, доир ба арзиши таърихии нусхаи асари «Табсир фи илми тафсир» маълумоти муфассал пешниҳод кард. Номбурда иброз дошт, ки ин асар дар асрҳои миёна аз муҳимтарин китобҳои илмҳои динӣ ба шумор мерафт ва аз ҷиҳати илмӣ-пажӯҳишӣ ва таълимӣ аҳамияти хос дорад. Ҳамчунин ӯ ба зарҳалкории саҳифаҳои китоб ишора намуда, зикр кард, ки нусхаи мазкур дар коллексияи шахсии ӯ нигоҳдорӣ мешавад.
Дар ҳамоиш инчунин мудири Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ ба номи Абдулғанӣ Мирзоеви Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзоев Иззатулло дар мавзуи «Мероси хаттии тоҷикон ва нақши он дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва хотираи таърихӣ», омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Темурзода Бахтовар дар мавзуи «Саҳми Тӯрақул Зеҳнӣ дар ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ ба Китобхонаи Абулқосим Фирдавсӣ» ва сардори шуъбаи мероси хаттӣ ва тарҷумаи Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Халилова Шоҳида дар мавзуи «Нақши Осорхонаи миллӣ дар ҳифз ва муаррифии мероси хаттии тоҷикон» бо маърӯзаҳои илмӣ суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш миёни иштирокчиён музокироту мубодилаи афкор баргузор гардида, доир ба роҳҳои такмили фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ, рақамикунонӣ ва муаррифии мероси хаттии тоҷикон пешниҳодҳои судманд ироа шуданд.
Ҳамоиши илмӣ-маърифатии «Дастнависҳо – мероси фарҳангии миллат» бори дигар аҳаммияти ҳифз ва омӯзиши мероси хаттии тоҷиконро ҳамчун пояи муҳими худшиносии миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ таъкид намуда, барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва рушди пажӯҳишҳои минбаъда дар ин самт заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.