Ҳамоиши илмӣ-оммавӣ бахшида ба Меҳргон дар Китобхонаи миллӣ  

Имрўз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори  шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабинҳои фарҳангӣ чорабинии илмӣ- оммавӣ «Меҳргон ҷашни бузурги Хусравон» доир гардид. Дар ҳамоиш донишмандон ва фарҳангшиносон аз  Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, намояндагони ВАО ва кормандони китобхона ширкат намуданд.

Чорабиниро муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи милии Тоҷикистон» Ҷалолуддин Нурзода ҳусни оғоз бахшида, аз таърихи ҷашни Меҳргон ёдовар шуд. Вай афзуд, ки мардуми мо аз қадим ба арзишҳои фарҳангию оинҳои хеш эътиқоду эътимод дошт ва ҳар як унсури устуравию суннатҳои мардумиашро дар ҳофизаи фарҳангии худ ҳифз намуда, бо асолатҳои инсондӯстонааш то пайдо шудани осори навишторӣ нигоҳ доштааст, ки Наврӯзу Меҳргон аз ҷумлаи онҳост. Воқеан, ҳамин ҷанбаи инсондӯстонаи ҷашнҳои мазкур, бахусус Меҳргон асос шудааст, ки таърихшиносони юнонӣ ба он бо назари нек нигаристаанд.

 Онҳо иттилоъ додаанд, ки дар замони Ҳахоманишиниҳо ба Меҳргон таваҷчуҳ бештар будааст, гуфт Ҷалолуддин Нурзода. Ба гуфтаи ў тибқи маълумоти таърихнигорони юнонӣ, бо номи митроконо («mitrakana») ҷашне будааст, ки дар тамоми Осиёи Хурд бо шукӯҳу шаҳомат баргузор мешудааст. Ин ҷашн бо ҷашнҳои кишварҳои дигар ва худоёни юнонӣ омехта шуда, ба ифтихори Меҳр (Митро) барпо мешудааст.

Ҳамчунин корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш Мумина Шовалиева дар мавзуи «Меҳргон иди миллӣ ва анъанавии тоҷикон» ва Гулафзо Розиқова, мутахассиси пешбари Раёстаи муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазортаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пайдоиши иди Меҳргон суханронӣ намуданд.

Мумина Шовалиева аз ғизоҳои махсуси Меҳргон равғанҷушӣ, умоч, нони чаппотӣ, ки дар китобаш овардааст, ҳарф зад. Вай ҳамчунин гуфт, ки Меҳргон аз ҷашнҳои таърихӣ ва муқаддаси мардуми мост, ки хушбахтона, ҳар сол бо шукуҳи хосса ҷашн гирифта мешавад. Инчунин ҷашнест, ки мардум аз замин ҳосилашро бо хурсандӣ ҷамъ намуда, ба намоиш мегузорад.

Гулафзо Розиқова, мутахассиси пешбари Раёстаи муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар бештари манобеъ шоҳ Фаридунро бунёдгузори ҷашни Меҳргон меноманд. Меҳргон ҷашни тирамоҳии аҷдодии тоҷикон аст, ки он ба корҳои кишоварзию боғдорӣ иртибот дорад. Дар айёми Наврўз деҳқон донаи гандумро ба замин мепошад ва дар тирамоҳ ҳосили онро меғундорад. Боғбон дар баҳор бо нияту умед дарахтонро тамизу шохчабурӣ ва дар фасли тирамоҳ меваҳои онро ҷамъоварӣ мекунад. Ба ин маънӣ моҳияти ҷашни Меҳргон шукргузории мардум аз неъматҳои Худованд мебошад. Меҳргон ҳамчун ҷашни тирамоҳӣ дар айёми пухта расидани анвои меваҳо, зироатҳои полизӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуда, мазмуни шукронаи Худо аз заҳматҳову ҳосили деҳқониву дигар корҳоро дорад.

Ба андешаи Гулафзо Розиқова дар гузашта ниёгони тоҷикон дар ҷашни Меҳргон суфраи идона мегустурданд. Ба он лиму, гули нилуфар, шаккар, себ хушаи ангур, 7 дона муруд, хушаи гандум, ойина ва паймонаи тарозу мегузоштанд, ки ҳар яки он рамзи худро доштанд.

Зоҳир Сайфуллоев омўзгори кафедраи режессёрӣ ва продюсерии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар мавзўи “Меҳргон ва аҳамияти байналмиллалии он” сухан ронд.

Ба назари Зоҳир Сайфуллоев мо то имрўз натавонистем Меҳргонро чун моли башарият муаррифӣ кунем. Вижагиҳое дар фалсафаи Меҳргон нуҳуфта аст, ки ба дурустӣ наомўхтаем, пажуҳиш накардаем. Зоҳир Сайфуллоев ба пажуҳишгарон пешниҳод кард, ки тамоми арзишҳову паёмҳое, ки Меҳргон ба башарият дорад, омўзиш ва инъикос шавад.

– Имрўз тамоми дунё нигарони кам шудани об, офатҳои табиӣ ва об шудани пиряхҳо ҳастанд. Ин масъала дар Меҳргон ба хубӣ инъикос ёфтааст. Меҳргон маънои пайвандии мо ба табиат ва дўст доштани онро дорад, гуфт ӯ.

Дар охири сўҳбат Ҷалолиддин Нурзода маънои калимаи Меҳргонро таъриф намуда, аз : Мавлоно мисол овард:

Аз муҳаббат талҳо ширин шавад,

Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.

Аз муҳаббат хона равшан мешавад,

Аз муҳаббат хор савсан мешавад.

Дар хотими миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон табодули афкор сурат гирифт.

Раҳима Аъзам