Ҳамон Деваштичи Меҳан шуд эҳё…
«Деваштич»-китобе, ки рӯзи ҷумъаи гузашта дар Китобхонаи миллӣ бо ҳузури гарми ҷамъе аз донишмандон, пажӯҳишгарон, бостоншиносону таърихнигорон, рӯзноманигорон ва хонандагон рӯнамоӣ шуд, аз сислсилакитобҳои ҷашнвораи 30-солагии Истиқлоли кишвар будаву соли 2020 дар нашриёти “ЭР-граф” ба теъдоди 500 нусха чоп шудааст. Ба назар мерасад ҳадафи роҳбарияти ноҳияи Деваштич муаррифии дастовардҳои ноҳия буд, вале бо пешниҳоди мураттибон ва баҳонаи шарҳи зиндагиномаи қаҳрамони халқи тоҷик Деваштич ба як китоби басо ҷолибу хондании таърихӣ табдил ёфт.
Маъмулан китобҳое, ки аз комёбиву дастовардҳои ноҳияву шаҳрҳо таҳия мешаванд, аксаран китобҳои хушку беруҳанд, ки ба зудӣ фаромӯш мешаванд. Вале муруре ба “Девачтич” ин андешаро дар зеҳнҳо бедор мекунад, ки ин китоб умри тӯлонӣ хоҳад дошт ва ҳатто мураттибон метавонанд дар ояндаи хеле наздик бо пайдо кардану гирд овардани матолиби ҷолиби дигар аз замони Девачтичи қаҳрамон онро такмил диҳанд ва чопҳои дуввуму севвуми онро мураттаб созанд. Танҳо дар зеҳни худи ман чанд маъхази дигар рӯ зад, ки аз назари таҳиякунандагони китоб дур мондааст.
“Деваштич” ривояти қаҳрамонии сарваре аз суғдиёни бостон аст, ки ба муқобили истилои араб сина сипар кард ва билохира дар ҳамин роҳ сар ба куштан дод. Достон ва зиндагиномаи Деваштич худ як достони фоҷеавиест, ки наметавон бе ашки чашм мутолиа кард. Аз аллома Бобоҷон Ғафуров то Юсуфшоҳи Ёқубшоҳу донишмандони дигар бахш ба бахш ҳикояти таърих мекунанд. Дар китоб ҳеч ривояте бе мадраки таърихӣ қисса нашудааст, балки ҳар касе сатре навиштааст, бо далелҳои таърихӣ навишта ва дар зимн фарзияҳои худро баён кардааст.
Мураттибон ҳам талош кардаанд ҳамин бахши китоб барҷаста бошад, кулли маводи маълумро гирд оваранд, то хати сужаи зиндагии Деваштич кашида шавад. Он ки хеле аз ҷузъиёти зиндагии ин қаҳрамони бемисл норушан аст, ба он маъност, ки пажӯҳишҳо бо ҳамин ба поён намерасанд, балки дар назди муҳаққиқону бостоншиносон суолҳои дигареро матраҳ мекунанд, ки бояд посухашон пайдо шавад.
Китоб миллатро аз як саҳифаи фоҷеабор хабардор мекунад. Бино ба навиштаи аксари муаррихон чун арабҳо шӯриши Деваштич ва ҳамсафонашро пахш карданд, қаламрави Суғдро пурра ишғол намуданд, сари ӯро аз тан ҷудо кардаву ба халифа Умар ибни Ҳубайра ва дасти росташро ба Сулаймон ибни Абу Сарӣ мефиристанд. Ҷасади ба хун оғӯштаи ӯ муддате дар ҳавои ушод мемонад ва суғдиён онро шабона дуздида дар дахма пинҳон мекунанд.
Ягона манбаъи боэътимод ва санади муҳими таърихӣ сабади асноди таърихиест, ки соли 1933 аз харобаҳои қалъаи воқеъ дар кӯҳи Муғ дар наздикии рустои Хайрободи қаламрави имрӯзаи ноҳияи Айнӣ пайдо шуда буд. Асрҳои аср зери хоку хоктӯдаи ин кушки қадима ҳамин як сабаде аз чашмҳо пинҳон мондааст, ки имрӯз ҳам ба сони як ганҷинаи пурбаҳо ровии рӯзгори пурҳаводису пурфоҷеаи замони Деваштич мебошад ва кулли номаҳо ба унвони ин саркардаи аъзаму ин қаҳрамони бемисол иншо шуда ва ё ӯ худ навишта ва ҳоло чун садое аз қаъри таърих дастраси имрӯзиён шудааст.
Аз ҳар нома, ки ба забони суғдӣ иншо шудааст, як лаҳза, як рӯз, як ҳафта, як моҳу як соли таърихи миллат хонда мешавад, садои қарнҳо ба гӯш мерасад. Ин номаҳо муҳимтарин манбаъҳои таърихианд ва ҳоло ҳам омӯхта мешаванд, саҳфаҳои таърихро рушан мекунанд. Донишмандон ҳоло ҳам сари ҳар калимаи он мендешанд, ки ин ҳарфу ин ҳиҷо, ин ибораву ин ҷумла чаро гуфта шуда ва чӣ ишора мекунад. Даҳҳо суоли беҷавобро донишмандон аз ин номаҳо пайдо кардаву ҳоло ҳам ба суолоти дигар посух меҷӯянд. Тавре академик Алберт Хромов менависад: “74 фиқра санади навишташуда бо маркиби чин бар рӯи чарм ва ҳарир ва чӯбҳои пӯстканда ёдгори Деваштич барои ояндагон аст. Дар миёни онҳо паёмҳои Деваштич ва номаҳои унвонии ӯ, асноди мухталифи ҳуқуқӣ, ёддоштҳо ва дастурҳои идорӣ ва иқтисодӣ (мулкдорӣ), тақвими суғдӣ ва як санади ақди никоҳ ҳастанд…”
Аз миёни ин 74 санад танҳо як санад ба забони арабисту яки дигар туркӣ, вале боқӣ дигар ҳама ба забони суғдӣ иншо шудаанд.
Муаррихи тоҷик Луқмон Бойматов ба ин назар аст, ки “агарчӣ талошҳои Деваштич ва ёронаш дар ҷиҳати созмондеҳии иттиҳоди воқеъ ва коромади деҳқонони Суғд бар муқобили аъроб, саранҷом самараи дилхоҳ надоданд, вале ормонҳои мубориза ва муқовиматҳои шӯришчиёни суғдӣ аз хотираи мардумони Варорӯд ҳаргиз зудуда нашуданд”.
Китоби “Деваштич” маҷмуъаи мақолотест, ки муаллифони гуногун солҳои мухталиф интишор додаанд ва таҳиягарон ҳиммат гуморидаву он ҳамаро дар як ҷилд китоб мураттаб кардаанд, ки ин кори пажӯҳишгарони ояндаи таърихи Суғди бостон ва корномаҳои на танҳо Деваштич, балки ҳамзамонону ёрони ӯро ба маротиб осон мекунад. Ҳоло дармеёбем, ки ҳанӯз соли 1947 аввалин бор дар қасре ба номи қасри Деваштич ҳафриёт гузаронида шуда буд ва имрӯз ҳам он иқдом идома дорад. То ба имрӯз ковишҳои бостоншиносӣ мадраку нишонаҳои зиёде аз замони Деваштичро пайд кардаву мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Китоби “Деваштич” аз муқаддимаву таърихи замони Деваштич ва муборизаи суғдиён зидди арабҳо, имрӯзу фардои ноҳия ва васфи Деваштич дар осори адибон иборат аст. Мураттиб ва муҳаррири масъул Бузургмеҳри Баҳодур буда, зери назари доктори илми таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ таҳия шудааст.
Маросими рӯнамоии он бо сухани ифтитоҳии вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, ки пештар Раиси ноҳияи Деваштич буду маҳз бо дастгириву мадади ӯ ин китоб омода шудааст, оғоз шуд. Дар нишаст Муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юсуфшоҳ Яъқубов, шоир ва ношир, раиси ТҶБ “Истиқбол” Латофат Кенҷаева, шоир, пажӯҳишгар, корманди нашриёти давлатии “Адиб” Муҳтарами Ҳотам, нависандаи шинохта Шераки Ориён, бостоншинос аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидмурод Бобомуллоев, намояндаи ҷавонони вилояти Кописои Ҷумҳурии исломии Афғонистон Аҳмадзоҳир Ҷаҳиш, бостоншинос, корманди Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон Абдураҳмон Пӯлодов ва шоир Иброҳимҷон Дӯстализода суханронӣ карданд.
Теъдоде аз китоби “Деваштич” ба Китобхонаи миллӣ супурда шудааст ва хонандагон, пажӯҳишгарон метавонад аз он баҳраҳо бардоранд.
Б.Шафеъ