Ҳамватанони донишманди мо дар Русия. Алексей Ким Иванович

Ким Алексей ИвановичКим Алексей Иванович 3-юми феврали соли 1960 дар шаҳри Кўлоб ба дунё омадааст. Ҷарроҳи дил, доктори илмҳои тиб (2001), профессор (2003). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (1983). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии Институти давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино (ҳоло ДДТТ; 1983).

Ординатори клиникии кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби №1 Институти мазкур (1983-1985), табиби Беморхонаи клиники шаҳрии №5 (1985-87), аспирант ва ходими илми шуъбаи навзодон (1987-90), ходими илми, мудири хадамоти ҷарроҳии шуъбаи ҷарроҳии оҷил ва муолиҷаи интенсивии навзодон (1991-99), мудири шуъбаи ҷарроҳии таҷдидии қудакони навзод ва хурдсоли гирифтори нақси модарзодии дили Маркази миллии таҳқиқоти тиббии ҷароҳии дилу рагҳои ба номи А. Н. Бакулеви АИТ Русия (аз 1999).

Солҳои 1996-2003 асистенти кафедраи ҷарроҳии дилу рагҳои Академияи тиббии Маскав ба номи Сеченов буд.

Муаллифи зиёда аз 180 асару мақолаи илмӣ. Дар мавзўи имкониятҳои ислоҳи хунгардиши рагҳои бузург дар ҳамбастагӣ бо нақси тавораи байнимеъдавӣ ва ҳипертензияи зиёди шуш дар кўдакони сини хурд, ҷарроҳии ҷойивазкунии рагҳои бузург, истифодаи усулҳои нави муолиҷаи бемории дил таҳқиқот анҷом додаст.

Дорандаи Ҷоизаи умумируссиягии ба номи В.И. Бураковский.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 84-85.

Таҳияи Зафар Ғолибов,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ