Анаксагор – аввалин донишманде, ки хусуфи Шамсу Қамарро шарҳи дуруст дод
Анаксагори Клазоменӣ олим ва файласуфи Юнони қадим, асосгузори мактаби фалсафаии Афина. Тақрибан солҳои 500-428 то мелод таваллуд ёфтааст. Дар охири умраш ба бединӣ гунаҳкор карда шуда, муҳоҷират карда, бақияи умрашро дар Лампсак гузаронд.
Аз асарҳои ў 20 порча ба тавассути намояндаи мактаби афинавии навафлотуния-Симплиский боқӣ мондаанд. Ақидаҳои ў таҳти таъсири мактаби Милет (пеш аз ҳама Анаксимени Милетӣ) ва таълимоти Парменид оид ба ҳастӣ ташаккул ёфтаанд.
Анаксагори Клазоменӣ таълимоти худро дар шакли фарзияи космогонӣ ташаккул дод. Мувофиқи он вазъи ибтидоии олам як чизи омехтаи беҳаракату бешакли иборат аз ҳиссачаҳои бешумори ҳиснашаванда ё «ҳаста» ва ашёи мухталиф буд. Минбаъд дар замону макони муайян омехтаи мазкур ба тавассути қувваи беруна-ақл (нус) ба ҳаракати босуръати даврзананда дароварда мешавад. Таълимот дар бораи ақл, ки ба афкори минбаъдаи фалсафавӣ («муҳаррики аввал»-и Арасту, ғояи «такони аввал»-и фалсафаи давраи нав) таъсири амиқ расондааст, муқобилгузории мабдаи ҳаракатро бо материяи орому собит ифода мекунад.
Анаксагори Клазоменӣ ақлро дорои хусусиятҳои зиддиятнок пиндошта, аз як тараф онро аз ҳама «сабуктар» ва бо ҳеҷ чиз махлутнашаванда медонад, аз тарафи дигар, тасдиқ мекунад, ки он «дар бораи ҳама чиз дониши пурра дорад ва қувваи азимеро молик аст».
Мувофиқи таълимоти ў тамоми ҷараёни таҳаввули ҷаҳонӣ аз бесарусомонии аввала сар карда, то танзими пурраи кайҳон натиҷаи ҳамон ҳаракати даврии аввала мебошад, ки ба тавассути ақл сурат гирифта буд. Ҳастаҳои мутаҳаррик бо ҳиссачаҳои ба худашон монанд пайваст шуда, моддаи якхеларо ташкил карданӣ мешаванд, вале ҷудошавии пурраи моддаҳои мазкур ба вуҷуд намеояд, чунки «дар ҳама ҷузъ ҳама вуҷуд дорад» ва унсурҳои кадом мода дар чиз зиёд бошанд, он номи ҳамон моддаро мегирад. Дар ҷараёни чунин тағйирот миқдори умумии хелҳои мода собит мемонад. Чунин ҳолат на фақат дар ҳастаҳои сифати якхела (дар мактаби фалсафии машшоъ «кумун» номида мешаванд), балки дар тазодҳои гармию хунукӣ, равшанию торикӣ, хушкию намӣ, тунукию ғафсӣ низ мушоҳида мешавад.
Хусусияти дигари таълимоти Анаксагори Клазоменӣ инкори халоъ, эътирофи тақсимоти номутаноҳии модда, тасдиқи насбияти калону хурд, ғояи бузургиҳои бениҳоят хурди воҳидҳои физикавӣ мебошанд.
Анаксагори Клазоменӣ аввалин олимест, ки хусуфи офтобу моҳро дуруст шарҳ додаст.
МАНБАЪ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. Душанбе. – 2011. – Ҷ. 1. – С. 416.
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова,
корманди шуъбаи библиографияи милл