Анъанаи неки тозагиву озодагӣ

Дар остонаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз, 18-июли соли 2026 кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъона даст ба поккориҳо заданд, гирду атрофи бино ва қитъаи замини ба онҳо вобасташударо тоза карданд.

Китобхонаи миллӣ барои рушди фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муҳити тозаву озода мекӯшад саҳми арзандаи худро гузорад. Аз ин рӯ кормандони он рӯзи шанбеи ҳар ҳафта доир намудани ҳашарро барои худ анъанаи нек қарор додаанд.

Субҳи имрӯз низ чун анъана бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба диёри биҳиштосои хеш кормандони Китобхонаи миллӣ  баҳри тозаву озода нигоҳ доштани муҳити коргоҳ, нигоҳубини гулу гулбуттаҳо ва дарахтони сояафкан, тозагӣ дар роҳраву ҷуйборҳо корҳои назофатиро ба анҷом расониданд.

Ҳамаи ин талошҳо барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлоли Ватан нигаронида шуда, нақше аз худ мегузоранд, зеро дар урфият мегӯянд: “дасти одамизод гул аст”. Дидани он ки дар ин тамузи тобистон гирду атрофи бинои Китобхонаи миллӣ ҳамеша сабзу хуррам аст ба дилҳо фараҳ ва ба дидаҳо нур мебахшад.

Муҳидинова Махфират,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа