Анбар: моддаи хушбӯ ва Анбар ном шоир ҳам дорем
Анбар (арабӣ, хушбӯ), 1) моддаи нарми хушбӯи муммонанд, ки дар аъзои ҳозимаи анбарзо ҳосил мешавад. Мувофиқи маълумоти баъзе маъхазҳо анбар мумест муаттар, ки дар кӯҳистон занбӯри асал аз гиёҳҳои хушбӯ ҳосил мекунад ва сел шуста ба баҳр меоварад. Онро ҷонвари баҳрӣ фурӯ бурда, ҳазм карда наметавонад ва гашта берун меафканад.
Беҳтарини он анбарҳои ашҳаб, соро, кабуд, зард ва ғайра, навъи бадтаринаш манд ё анбари сиёҳ мебошад. Зичии Анбари сиёҳ мебошад.
Зичии анбар 900-920 кг/м3, ҳарорати гудозишаш 600 С; дар об ҳал намешавад; дар равған, спирт ва эфир нағз ҳал мешавад. Аз анбари тару тоза бӯи нохуш меояд, вале ҳар қадар кӯҳна шавад, хушбӯтар мегардад.
Анбар бештар дар атторӣ барои тақвияти накҳат ва табхир (бухор) нашудани бӯйи атр истифода мешавад. Анбар ҷузъи таркибии “анбарина” ном хушбӯӣ ва доруи машҳури қадимист. Абуалӣ ибни Сино анбариро дар муолиҷаи нуқсҳои дил, мағзи сар ва дигар бемориҳо бисёр истифода мекард.
Унсурҳои асосии анбар пайвастҳои политерпении бухорнашаванда – амбреин I (25-45%), эпикопростанол II (30-40%) ва ғайра мебошанд. Онҳо ба анбар хосияти тасбити буйро мебахшанд. Бӯи анбар аз пайвастҳои камбухор (камтар аз 0,3%) – амброксид III, кетонҳои сиклӣ, алдегидҳо, спиртҳо ва ғайра вобаста аст. Ҳамаи ин моддаҳо ҳангоми дар ҳаво оксид шудани амбреин ҳосил мегарданд. Анбарро аз дитерпеноидҳои бисиклии рустанигӣ, масалан, аз склареола низ ҳосил мекунанд.
2) Анбари бобон – анбари бо бон омехта; бон номи дарахте ва меваи он аст, ки бағоят хушбӯ мешавад.
3) Дар адабиёти бадеӣ анбар сифатҳои гуногун ва маъноҳои маҷозӣ дорад: анбари соро (киноя аз зулфи нозанинон), анбари тар (сиёҳии чашм) ва ғайра.
****** ***** *****
АНБАР МУЛЛО МУҲАММАДШАРИФИ БУХОРОӢ (соли таввалудаш номаълум – вафоташ 1914, Бухоро), шоири тоҷик. Дар шаҳри Бухоро ба камол расидааст. Аз чанде донишмандони даврааш илм омӯхта, чун олиму фозили давр шӯҳрат ёфтааст.
Дар дарбор хидмат намекард, вале баъзан қасидаҳову мадҳияҳо менавишт. Дар васфи амир Абдулаҳад (ҳукм. 1885-1910) қасидае гуфта, ба инъомҳо сазовор ва бо мансаби давлатӣ соҳиб шудааст (китобдори мадрасаи Говкушон таъин гардид).
Илмҳои давраш – фароиз, ҳисоб, арӯзу қофия, санъатҳои бадеиро хуб медонист; муаммо, луғз менавишт, дар кушоданашон низ маҳорат дошт. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳову баёзҳои асри XIX, дар “Намунаи адабиёти тоҷик”-и С. Айнӣ оварда шудаанд. Байтҳои зерин аз ӯст:
Чун сарви қадат ишватарозӣ кӣ тавонад?
Дар панҷаи шоҳини ту бозӣ кӣ тавонад?
Як умр ба рухсори арақноки ту густох,
Ҷуз зулфи каҷат дастдарозӣ ки тавонад?
Пеши ту хиҷолат кашад аз сарв мусаввир,
Тақлиди ҳақиқат ба маҷозӣ кӣ тавонад?
Пеши нигаҳи шӯхи ҷафопешаат имрӯз,
Бо наргиси хунрези ту бозӣ кӣ тавонад?
Гесӯи ту аз Хизр дусад марҳала бигзашт,
Дарёфтан ин умри дарозе кӣ тавонад?
Ҷуз анбари дилсӯхта дар миҷмари фурқат,
Ҷон бохтану сабргудозӣ кӣ тавонад?
МАНБАЪ: Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ. 1. – С. 422.
Таҳияи Гулсара Толибова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ