Андарзи кўдакон» – қадимитарин дастури зиндагӣ барои атфол

«Андарзи кўдакон», яке аз осори адабиёти паҳлавӣ, андарзномаест аз муаллифи номаълум. Тақрибан асри VIII тартиб дода шудааст. Асли паҳлавиаш дастрас нагардидааст. Ҳоло шакли позандии он боқист ва номаш дар ин ҷо «Хешкориҳои кўдакон» (ба маънои кӯдак мебошад) мебошад.

«Андарзи кўдакон» аз пандҳое иборат аст, ки «дабиристонхватай» (соҳиби мактаб, мактабдор, устоди дабиристон) ба кўдакон-шогирдон додааст. Ин пандҳо-вазифаҳое мебошанд, ки ҳар як тифл ҳангоми аз хоб бархостан, ба дабиристон рафтан, баргашта омадан ба хона ва ғайра бояд онҳоро иҷро намояд.

Вазифаҳо иборатанд аз саҳаргоҳон аз хоб бархостан, дасту рўй шустан (таҳорат), риояи қоидаҳои ғизо хўрдан, дар роҳи дабистон ҳурмати калонсолонро ба ҷо овардан, дар мактаб дар таҳсил кўшо будан, ҳурмати устодро ба ҷо овардан, гўш додан ба суханони ў, дар хона падару модарро наозурдан ва ғайра.

Дар ҷамоаи зардуштиёни Эрону Ҳиндустон (иёлати Гуҷарот), ки зардуштиён зиндагӣ мекунад, ин қоидаҳоро таълим медиҳанд, ва андарзномаҳои мансуру манзуми шабеҳ ба «Андарзи кўдакон» мутобиқ ба замон тартиб дода мешаванд.

Тарҷумаи форси «Андарзи кўдакон» дар маҷалла «Чисто» (1368, №7-8) ба табъ расидааст.

Энсиклопедияи миллии тоҷик. Душанбе. – 2011. – Ҷ. 1. – С. 443.

Муаллиф: М. Диловар.

Таҳияи Моҳрухсор Сархатова,

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ