Андарзи зиндагӣ
Ин китоб соли 2022 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст ва ҳамин ҳоло ба Китобхонаи миллӣ ҳам расидааст. Дар сарсухани китоб омадааст, ки сухан мизони ақли инсон аст. Адибони форсизабон ва дигар миллатҳои ҷаҳон роҷеъ ба маҳорати гуфтани суханҳои шакарин, нарму форам, латифу ширин, фасеҳу равон ва суханони рангин на танҳо барои форсизабонон, балки барои аҳли башарият мероси басо ғанӣ ва ганҷинаи бебаҳое гузоштаанд.
Баръакс, онҳо пургӯи кардан, суханони сарду беасос ва бе далел гуфтанро сарзаниш кардаанд. Инсонҳо бояд ҳар як сухани мегуфтагиашонро дар тарозуи ақл баркашида, санҷида баъд онро пешкаши дигарон гардонанд. Сухан инсонҳоро бояд ба созандагӣ, ба ҳурмату эҳтироми якдигар, дӯстию бародарӣ, меҳру муҳаббати пок, ба хислатҳои ҳамида кушодани пару боли инсонҳо ҳидоят намояд.
Мутаассифона, дар бисёр ҳолатҳо инсонҳо суханони ҳамсӯҳбатони худро то охир гӯш накарда, ба моҳияти сухан сарфаҳм нарафта, бе мулоҳиза ва бе далелҳои беэътимод гап мегардонанд. Гапгардонии беасосу бедалел ин одоби бадтарини инсон мебошад. Вақте инсон бе асос гапгардонӣ мекунад, одамонро аз худ дур карда, боиси нороҳатии дигарон мегардонад.
Чуноне, ки дар «Гулистон»-и Саъдӣ ёдоварӣ шудааст: «Аслан шахсро тавассути сухан, алфозаш мешиносанд ва қобилияту фаъолияти ӯро аз такаллуми ӯ дарк мекунанд. Нутқи сухан мизони ифшои хирадмандӣ ва савиям илму дониши инсон маҳсуб меёбад».
Вақте шахсе ба назди шумо ба умеди ҳалли масъала ё ягон маслиҳат муроҷиат мекунад, гапашро набурида, имкон диҳед, ки суханашро то ба охир изҳор намояд. Бо сабру таҳаммул шунидани мусоҳиб ҳам ҳунар аст.
Ба ҳамсӯҳбати худ фақат атрофи ҳамон масъалаҳо ҳарф занед, ки ба ӯ онҳо шавқу эҳтиёҷ дорад. Дар вақти баҳс агар ҳақ набошед, баҳси беҳуда фоида надорад ва беҳтараш ба ин мардона тан диҳед.
Сухан аз арши барин омадааст,
Баҳри покон ба замин омадааст.
Хонандагон метавонед китоби «Анданзи зиндагӣ»-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд