Андешаҳои устоди Донишгоҳи омӯзгорӣ перомуни озмун
Инак, даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии озмуни ба қавли адабиётшиноси маъруф ва яке аз доварони номинаи адабиёти ҷаҳон устод Ҳафиз Раҳмон “бузургтарину маъруфтарину накутарину машҳуртарин “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид ва рӯзи дуюми он пушти сар монд.
Дар толори шуъбаи адабиёти ҷаҳони Китобхонаи миллӣ, ки ҳаводорон, падару модарон, ширкаткунандагон ва устодону намояндагони вазоратҳои маориф ширкат доштанд ва тавассути телевизион ҷараёни озмунро тамошо мекарданд, дар курсие нишастам. Рӯзи аввал дар он 6 нафар ширкат намуд. Тибқи рӯйхат дар ин номинатсия 30 нафар хонандагони синфи 1-4 аз минтақаҳо ва пойтахт ширкат меварзанд.
Нафари 5-умро ҳакамон имтиҳон мекарданд. Ман ҳам ба тамошои он машғул шудаму ба шеърхонии духтараки ширкаткунанда таваҷҷуҳ кардам. Шеъри Фурӯғи Фаррухзодро мехонд. Ҳарчанд шеъри Фурӯғро хондан, дарк кардан он тараф истад, барои кӯдаки даҳсола барвақт аст, зеро Фурӯғ шеърро занона гуфтааст, дарду хоҳиш ва орзуҳои занро гоҳе бепарда иброз доштааст, ки фаҳми он барои кӯдаки то даҳсола номумкин аст. Шояд беҳтар мебуд устод ё падару модаре, ки бо ӯ кор кардааст, аз шоирони дигари ҷаҳон ва мавзуҳои Ватан, модар, васфи табиат, дӯстӣ, некӣ кардан…ро интихоб мекарданд.
Мушоҳидаи дигар шеърро дод зада хондани духтарак буд, қироати ӯ гӯшро мехарошид. Ин нуктаро ба ҳампаҳлуям устоди факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Соро Муридова иброз доштам.
Ӯ афзуд, ки ман ҳам дар толор нишаста тамошо дораму ба утсодони ин шогирдон гуфтам, ки бубинед шогирдонатон чӣ гуна шеър мехонанд. Аз соли дигар силоҳ кунед.
Ӯ мегӯяд хуб аст, ки наврасон бисёр шеър аз худ кардаанд. Бисёриҳо бо эҳсосот мехонанд, шеърро дарк мекунанд. Масалан, тамоми қонуну қоидаҳои шеърӣ ва тоҷикияти онро дарк мекунанд ва ба хубӣ аз уҳдаи шеърхонӣ мебароянд. Як чизи дигар ҳам таваҷҷуҳамро ба худ кашид дар ин озмун. Интихоби шеърҳо хеле нодуруст аст. Сину солро ба назар нагирифтаанд. Шеърҳоеро интихоб кардаанд, ки синнашон барои дарки он намерасад. Устодоне, ки бо инҳо кор мекунанд, соли дигар дар интихоби шеър бо шогирдонашон хато накунанд.
Масъалаи дигар ин аст, ки вақте бахши адабиёти ҷаҳонро интихоб мекунанд, асарро бадиққат бихонанд ва тамоми лаҳзаҳое, ки адиб дар асараш тасвир кардааст, метавонанд дар хотир бигиранд, ки қаҳрамонон ба чӣ корҳо машғул буданд, ӯ ҳолати ҳаяҷон, ҳасудӣ ё рашк дошт. Ин суолҳо метавонанд аз ҷониби доварон пурсида шаванд.
Мушоҳида кардам, ки бисёр вақт ширкатдорон посухи ин пурсишҳоро намедонанд. Доварон суолҳои душвор намедиҳанд, ҳар пурсише буд дар доираи асарҳои пешниҳодшудаи довталаб буд.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.