Андешаи хос. Аввал салом баъд калом

Имрўзҳо ба баъзе ҷавонон чӣ шуда бошад, ки саломро аз худ дур карданд, ҳатто саломатро алек гардонданро номус медонанд. Дар  коргоҳ, дар кўча, дар нақлиёти мусофиркашӣ низ на салом на алейкро медонанд, ҳама гӯшакҳо дар гӯш бо телефони мобилӣ андармон ҳастанд.

На қадри одами калонро медонанду на хурдро, на аз ҷояшон мехезанду на саломатро алейк мегиранд. Талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои  наврасону ҷавонон хеле зиёд аст. Чӣ қадар мактабҳои таҳсилоти миёна, донишгоҳҳо, китобхонаҳо зиёд шуда бошад, бархе аз ҷавонон аз таълиму тарбия ҳурмату эҳтиром нисбати якдигар хеле дур шуданд. Пас чаро мо падару модарон, омўзгорон ва калонсолон  барои ин масъалаи доғи рўз бетарафӣ мекунем. Оянда ин давлату миллатро чӣ гуна месозанд?

Падару модарони мо аввал мегуфтан «Салом суннат асту посухи салом фарз. Ва ҳатто ҳадиси Пайғамбар (с)-ро низ ба ин маънӣ меоварданд. Ё мегуфтанд, ки «салом саломатӣ хостан аст», «салом калиди одоб аст», «салом сароғози ҳамаи суханҳо» ва «салом пайвандгари қалбҳост»

Одоби  салом додан

Салом аз риояи фазилатҳои салом барои тамоми одамон ҳатмӣ буда, он яке аз рукнҳои олитарин башарият ҳисоб меёбад. Бинобар  ин дар ҳама ҳолат барои салом гуфтан ва риоя намудани рукни аввали муошират бояд кўшиш намоянд. Муҳаббату самимияти худро ба инсони дигар зоҳир  намудан ба  салом додан ифода мегардад, ки он бояд орӣ аз ҳама кибру ғурур ва дағаливу худнамоӣ бошад. Ҳарду ҷониби мулоқоткунанда, ки вохӯрии онҳо бо салом оғоз мегардад, рукнҳои  одоби саломро бояд риоя намояд. Падару  модар, омўзгорон, устодони таълими, муассисаҳои томактабӣ вазифадоран, ки ба хурдсолон тарзи  салом додан ва муошират намуданро омўхта иҷрои онро талаб намоянд.

Агар шахси  калонсол пештар салом гўянд ҷавоби салом додан аз эҳтиромона даст пеши бар гирифтан шарт аст. Ҳусни маърифати  кўдаку калонсол маҳз салом додан мебошад ва аз ин маърифати баланди инсонӣ ҳар як фард бояд бархурдор гардад.

Ойҷонгул  Давронова, сармутахассиси

 шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ