Андешаи хос. Чаро таваҷҷуҳи ҷавонон ба китобхонӣ кам шудаст?

китобхонӣВоқеан вақтеки  сухан  дар  бораи  китоб меравад, китоб дӯст, ҳамдам, ҳамнафас,  ҳамроз, ҳамдил ва ҳамболи  инсон аст. Китоб ганҷест, ки дарон ҳама  маъниҳои  дарки  зиндагӣ нуҳуфтааст. Китоб ҳикматест, ки аз он ҳамагон баҳра мегиранду роҳи зиндагии худро муайян мекунанд. Китоб ойинаест, ки инсон тамоми камбудиҳои худро ислоҳ карда метавонад. Китоб муаллимест, ки аз ту чизеро пинҳон намекунад ва мӯниси туст дар танҳоӣ.

Аммо  мутассифона  имрӯз  таваҷҷуҳи  насли  наврас  ва  ҷавонон, нисбат  ба китобу  китобхонӣ,  дар  сатҳи  паст  қарор  дорад.  Пас  суоле  ба  миён  меояд,  ки иллати  таваҷҷуҳ  накардан  ва  кам  хондани  насли  ҷавон  дар  чист?  Ман  фикр  мекунам,  ки  дар  ин  ҷо  ин як  чанд омил аст,  ки  таваҷҷуҳи  ҷавонон  ба китобу,  китобхонӣ  кам  шудаст.

Омили аввал ва асосӣ ба оила иртибот дорад. Пеш  аз  ҳама моро  зарур  аст,  ки  барои  тарбияи  дурусти  кӯдак як муҳити  созгор,  созем ва  шароит  фароҳам  овардан  ва  таваҷҷуҳи  кӯдакро  ба  хондан,  водор  сохтан  пеш  аз  ҳама  бояд  худи  падару  модар,  китобхон  бошанд,  чун  намунаи  ибрати  фарзандон  гарданд.

Дуюм, интихоби нодурусти касб. Аксарияти ҷавонон дар  интихоби касб душворӣ мекашанд  вақте, ки  онҳо ба  касбашон шавқу  ҳавас, надоранд ва бади  хатми  донишкадаҳо,  илмашонро  дар  амал  татбиқ карда  наметавонанд.

Сеюм, тарғиби китоб дар ҷомеа на дар сатҳест, ки таъсиргузор бошад. Тарғиби китоб на танҳо дар китобхонаҳо, балки дар телевизион, радио, рӯзномаҳову, маҷаллаҳо бояд ҷиддан, бо ташкили барномаҳои басо дидниву шуниданӣ, мутахассисона, коршиносона  ба роҳ монда шавад. Асоси таваҷҷуҳи хонандагонро зиёд кардан, фикр мекунам, тарғиби  бештари китоб  аст.

Чорум, таъсири шабакаҳои ҷаҳонии Интернет ва телефонҳои мобилӣ  мебошанд. Ба андешаи ман телефони мобилӣ  ва  шабакаҳои  иҷтимоӣ  қотилони  вақтанд. Кас дар саргармӣ бо мурури шабакаҳо нафаҳмида мемонад, ки то куҷо вақтим пурқиммати худро аз аз даст додааст. Ва боз агар кас саргарми бозиҳои беҳудаи саргармкунанда шавад, гузашти вақтро аслан дарк ҳам намекунад. Охир  шумо  бубинед  қобилияти  майнаи  сари  инсон,  беохир  аст  ва  ягон  компютер  ба  он  баробар  шуда  наметавонад.  Барои  ин  омӯзиши  мақсаднок бештар,  китоб  хондан  зарур  аст.  Марк  Твен  гуфта  буд: (мазмунан) шахсе, ки китоб намехонад аз касе,  ки  хонда  наметавонад,  заррае  бартарӣ  надорад. Имрӯз  вақте,  ки  мо вориди дуконҳои  китобфурӯшӣ,  мешавем,  ин хазинаи пурганҷ пур аз китоб, аммо, касе ба  он  таваҷуҳ намекунад. Воқеан  ин  боиси  нигаронист ва  моро  низ  бетараф  намегузорад.

Як гурӯҳи дигар омилеро пеш меоранд, ки гӯё баъзе аз  хонандагон, имконияти харидории китобро надоранд, аммо ман ба ин  тамоман,  розӣ шуда наметавонам. Шумо дидед имрӯз донишҷӯеро, ки телефони мобилӣ надошта бошад? Ба як телефони мобилии 3-4 ҳазор сомона зӯри донишҷӯ мерасаду, барои хариди як китоб не? Ин  баҳона  шуда  наметавонад. Чун имрӯз  бо ташаббуси  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни  ҷумҳуриявии  “Фурӯғи  субҳи  донои  китоб  аст”  як заминаи,  хубе фароҳам  овард,  барои  дастрасӣ  пайдо  кардан   ба  китоб  ва  тамоми  шароит,  фароҳам  оварда  шудааст.  Аммо  имрӯз бархе  аз  ҷавонони,  мо  худашон  худашонро фиреб дода, ба  китобхонӣ  кам  таваҷҷуҳ  зоҳир  менамоянд,  ё ин, ки тамоман китоб намехонанд.

Имрӯз  илм  исбот намудааст, ки шахсе, ки мудати  се моҳ  китоб  нахонад,  90% – и  ҳуҷайраҳое, ки  инсон барои  хондан  ниёз дорад мемиранд,  пас  инсон  ба  монанди,  чӯпоне  мешавад,  ки  вай  аз  пушти  рама  равон  аст. Аз  ин  лиҳоз  чӣ  қадаре, ки  мо  бештар  омӯзем ва  хонем  ҳамон  қадар  боварӣ  ва   эътимод бештар  пайдо  мекунем ва  чи  қадаре,  ки  дониши  мо  баландтар  шавад,  ҳамон  қадар  имкониятҳо барои  беҳтар кардани кори мо зиёд мешавад.

Китоб як  устоди бузург, як дарёи беканор аст, ки тамоми  умр  моро  интизор  аст,   танҳо  аз  мо  хондан  ва  амал  кардан.  Мо  агар  хоҳем, тавасути китобхонӣ дунёро фатҳ менамоем.

Шайдулло Байдуллоев, мутахассиси шубаи  илмӣ–методӣ ва  таҳқиқотӣ.