Андешаи хос. Мевае ширинтар аз фарзанд набвад дар ҷаҳон…
Дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти мазкур баъди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бараи масъулият бораи таълиму тарбияи кӯдак” ҷойи асосиро ишғол менамояд. Таълиму тарбия кори душвору мураккаб ба шумор рафта, фаъолияти дастаҷамъонаро тақозо мекунад. Қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои милли, умумибашарӣ, ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи манфиатҳои кӯдак равона гардидааст.
Чунин масъулият, тавре дар боби 1-ум муқаррароти умумӣ ва моддаи 1–уми қонуни мазкур омадааст, масъулияти муштарак ба дўши падару модар, шахсони онҳоро ивазкунанда, омўзгор, давлату ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд мувофиқи мақсад таълиму тарбия намудани насли наврасро муаян месозад. Ба ин хотир, дар қонуни мазкур масъалаи хеле муҳим – тарбияи насли наврас ба назар гирифта шудааст, то тавонем дар ҷомеаи имрўз кўдакони солим, боодобу фозилро тарбия намоем. Тавре аз талаботи қонун бармеояд, хонавода масъули асосии тарбияи кўдак мебошад.
Ҳамзамон қонунгузорӣ муайян намудааст, ки падару модар бораи таълиму тарбияи кӯдак масъул ва ҷавобгар мебошанд. Чораҳои пешгирӣ барои иҷро накардани ўҳдадориҳои падару модар, масъулияти онҳо бораи таълиму тарбияи кӯдак воситаҳое мебошанд, ки қонунгузорӣ бобати таъмини меъёрҳои қонунҳои амалкунанда пешбинӣ менамояд. Камолоти ақлонии фарзанд ва сифати хуби инсонӣ дар зеҳну шуури ў танҳо тавассути тарбия ташаккул меёбад.
Хадафи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи маориф, пеш аз ҳама , гузоштани заминаи устувор барои эъмори ҷомеаи пешрафта ва таҳкими пояҳои давлатдории миллитамон мебошад. Зеро бунёди ҷомеаи муосир ва давлати пешрафта бидуни насли соҳибмаърифат, хушахлоқ ва дорои беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба души устодон омўзгорон вогузор шудааст.
Аз ин лиҳоз вазифаи ҳар як шахси масъули соҳаи маориф аз он иборат аст, ки барои таълиму тарбияи насли босаводу бомаърифат ва хештаншиносу ватандўст саҳми фаъол гузошта, рисолати устод ва омўзгорро софдилона ва аз рўйи адолати инсонӣ анҷом диҳад.
Падару модарони соҳибэҳтироми мо хуб дар хотир доранд, ки сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, волидон фарзандони худро танҳо барои донишандўзиву касбомўзӣ ҳидоят мекарданд.
Бинобар ин, мо бояд дар мактаб фазоеро фароҳам орем, ки падару модарон аз таълиму тарбияи ҳаррўзаи фарзандон бохабар бошанд, зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва камолоти ҳамаҷонибаи хонандагонро танҳо бо роҳи ҳамкории доимии падару модарон ва аҳли ҷомеа бо мактаб таъмин кардан мумкин аст. Яъне робитаи наздики падару модар ва аҳли ҷомеа бо мактаб, ҳам ба оила, ҳам ба ояндаи фарзандон ва ҷомеа манфиатовар мебошад.
Бузургони мо фармудаанд, ки “кўдак дар назди волидайн эътибори амонатро дорад ва қалби поки ў ҷавҳари нафисе ҳаст, ки аз ҳар гуна нақшу тасвир холӣ буда, қобили қабули ҳар гуна нақш мегардад ва ба ҳар тараф, ки ҷалб шавад, майл мекунад”.
Аз ин ҷо бармеояд, ки камолоти ақлонии фарзанд ва сифатҳои хуби инсонӣ дар зеҳну шуури ў танҳо тавассути тарбия ташаккул меёбад, ки барои ноил шудан ба он волидайн бояд бо мактаб ҳамкории хуб дошта бошанд.
Фарзанд меваи умри инсон, нерўи дилу ҳаловати ҷон, номбардори падару модар аст. Аз ин рў тарбияи фарзанд ба зиммаи падару модар гузошта шудааст. Вақти он расидааст, ки фарзандони худро чунон тарбия кунем, ки фахри хонадон бошанд ва ба халқу Ватан манфиат расонда, аз худ чизе боқӣ гузошта тавонанд.
Мевае ширинтар аз фарзанд набвад дар ҷаҳон,
То тавонӣ, ин самар бо рангу бўи хуш расон.
Идигул Нусратуллозода, сардори шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ