Андешаи хос. Парчам аз нигоҳи ман
Дар тўли таърихи башарият ҳар қавму халқият ва дар маҷмўъ миллат вобаста ба вазъу ҳолатҳои гуногун ва азму иродааш рамзҳои зиёдеро эҷод ва корбаст намудааст. Агар ба умқи ин гуфтаҳо каме ворид шавем, маълум мегардад, ки ҳар як рамз то ҷойе рўшангари саҳифаҳои таърихии миллатеву давлатест.
Бо талошҳои шабонарўзии Пешвои муаззами кишвар, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар рамзҳои давлатӣ парчами кишвар бо шакли росткунҷаву се ранг (сурх, сафед, сабз) ва дар байни он нишон аз тоҷбарсар будани тоҷикон бо ҳафт ситора қабул гардид, ки ифодагари соҳибистиқлолӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягонагии миллати тоҷик мебошад.
Аз ин рў, Парчами давлатӣ барои ҳар яки мо мардуми миллатдўсти тоҷик ифодагари шарафу қудрат ва нангу номус мебошад. Ба ин минвол бо ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар назди Қасри миллат Парчами Тоҷикистон дар баландии 165 метр бо кўшишҳои муҳтарам Президентамон 24-уми ноябри соли 2009 афрохта гардид, ки андозаи 30х60-ро дошта, баландтарин дар тамоми ҷаҳон аст. Ҳамон рўз ин санаро Рўзи Парчами давлатӣ эълон намуданд. Ин рўзи муборак шурўъ аз ҳамин санаи зикршуда, минбаъд ҳамасола бо шукўҳу тантана таҷлил мегардад. Зеро ин рӯзи таърихӣ собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатист. Бинобар ин аз мушоҳидаҳои банда бар меояд, ки ин Парчаме, ки ҳастии давлати моро, ифтихори миллии моро ифода мекунад, аз қабили парчамҳоест, ки гувоҳи барҷастаи истиқлоли давлатии мо, таҷассумгари ғурури миллӣ ва нангу номуси хештаншиносию ватандории мост.
Маврид ба ёдоварист, ки пас аз ба расмият даромадани Рўзи Парчами давлатӣ, ҳамон сол қариб, ки дар ҳама гўшаю канори кишвар парчамҳои зебоеро мардуми миллатдўстамон партавфишон намуданд. Чӣ қадар барномаҳои диданбоби фарҳангию фароғатӣ ташкил карда шуд, ки дили ҳазорон нафарро боз ҳам ба зиндагӣ дубора гарм намуд. Дар ин хусус шоирону нависандагони машҳурамон Парчами кишварамонро дар ашъоронашон бо як шукўҳу шаҳомати беҳамто васф карданд. Тариқи шабакаҳои телевизионию радиоӣ ва интернетӣ, матбуот мавзўи Парчами давлатӣ тарғиб гардид, ки ин ҳам боис шуд, то ба таври пурра оммаи мардум огаҳии комил пайдо намоянд.
Хуллас, Тоҷикистони азиз бо парафшон намудани Парчами давлатӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам сазовори як нерўи тозаю обрўи пуршараф гардид.
Эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ – эҳтиром ба миллат ва арзишҳои миллӣ мебошад. Сари болои парчам сари болои миллат ва шукӯҳи парчам шукӯҳи миллат мебошад.
САЙЁРА Каримова,
мутахассиси Шуъбаи котиботи
Китобхонаи миллӣ.