Ане Клод – мутарҷими фаронсавии рубоиёти Умари Хайём

Ане Клод соли 1868 дар шаҳри Моржи Швейтсария таваллуд шудааст, нависанда, рӯзноманигор ва тарҷумони франсавӣ. Солҳои 20 асри ХХ оид ба воқеаҳои дар Русия рӯйдода (Инқилоби Октябри соли 1917) очеркҳову романҳо навиштааст.

Асарҳои дар мавзуъҳои Шарқ (Эрон) эҷодкардааш – “Савтҳои форсӣ”, “Тафаккури форсӣ” (1924), “Соҳили Осиё” (1927) ва ғайраро хонандагон хуш пазируфта буданд.

Ане Клод муҳаққиқ ва мутарҷими осори Умари Хайём мебошад. Соли 1920 дар Париж 144 рубоии Умари Хайём дар тарҷумаи Ане Клод ва Мирзо Муҳаммад ном донишманди эронӣ ба забони франсавӣ ба табъ расид. Рубоиҳо ба тарзи шеъри озод тарҷума шудаанд.

Соли 1931 дар Париж вафот кардааст.

МАНБАЪ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С. 456.

Муаллиф: Ш. Мухтор.

Таҳияи Садирзода Шаҳноза,

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.