Анисӣ Юлқулибек-шоири форсзабони аҳли Ҳинд

Анисӣ Юлқулибек (соли таваллуд номаълум-вафот 1607, Бурҳонпури Ҳиндустон), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аз қабилаи шомлуи туркман. Дар Ҳирот таҳсил кардааст.
Чанд муддат дар дарбори ҳокими ин шаҳр китобдор буд.Шеърҳои нахустинашро бо тахаллуси “Ҷоҳӣ” навиштааст. Девони ашъорашро худаш тартиб дода буд.
Солҳои 70 асри 16 Абдуллохони ӯзбек Хуросонро забт карда, Анисӣ Юлқулибекро асир гирифт ва ба Мовароуннаҳр овард. Дар ҳамин гирудор девони Анисӣ Юлқулибек нест шуд.
Анисӣ Юлқулибек роҳи Ҳиндустонро пеш гирифт. Мероси адабии боқимондаи ӯ асосан, ҳамон аст, ки дар Ҳиндустон эҷод кардааст.
Ба қалами ӯ қасоиду ғазалиёт, рубоиҳо,тарҷеъбанду таркиббандҳо ва ғайра тааллуқ доранд. Анисӣ Юлқулибек дар ин навъ ашъор беҳтарин анъанаҳои назми пешинаи форс-тоҷикро идома додааст. Силсилаи ғазалҳо дорад дар татаббӯи Ҳофизи Шерозӣ.
Мавзӯи ғазалҳояш панду андарз, шикоят аз беадолатиҳои замона, ҳасби ҳол-шикоят аз рӯзгори номусоид ва ғайра мебошанд.
Ба ғайр аз ашъори гиноӣ аз Анисӣ Юлқулибек то замони мо маснавие бо номи “Маҳмуд ва Аёз” (нотамом) расидааст, ки як нусхааш дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ АИҶТ маҳфуз аст.
Абёти зерин аз ӯст:
Дӯш фарёди Анисӣ синаҳо маҷрӯҳ кард.
Нештаре гӯё, ки дар он нола пинҳон кардаанд.
***
Пайи ислоҳи толеъ умр дар кори ҳунар кардам,
Ба устодӣ наёрастам, ҳарир аз бӯриё кардам.
***
Гар пас аз марг ҳам осуда нагардам, чӣ аҷаб,
Меҳнати рӯз ба шаб хоби парешон орад.
Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе. 2011. – Ҷ.1. – С. 461.
Муаллиф А.Алимардонов.
Таҳияи Мунаввара Азизова,
корманди шубаи библиографияи миллӣ.