Анҷоми Конференсияи байналмилалии илмӣ – назариявии “Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳуввиятофари миллат”

Бигузор Тоҷикистони азизи мо ҳамеша шукуфон ва Истиқлолияти давлатамон пояндаву ҷовид бод”!
Эмомалӣ Раҳмон
Ба кадом як канори ҷаҳон, ки сафар кунем, Тоҷикистонро бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвараш мешиносанду эътироф мекунанд. Аз ин рӯ мо бо ифтихор аз Роҳбари давлати худ шукргузорем, ки чунин сарвар дорем ва сиёсати ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ хидматҳои шоиста кардааст. Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими сайёра эътироф гардидааст. Ин аст, ки Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз 12.08.2026 конференсияи байналмилалии илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳуввиятофари миллат» роҳандозӣ намуд.
Ҳадаф аз баргузории ин нишасти байналмилалӣ бори дигар шукргузорӣ аз Роҳбари адолатпешаву ҳуввиятофари миллати тоҷик буда, нигоҳи тоҷикони бурунмарзӣ нисбат ба сиёсати Сарвари давлати тоҷикон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намудан мебошад.

Ба кадом як канори ҷаҳон, ки сафар кунем, Тоҷикистонро бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвараш мешиносанду эътироф мекунанд. Аз ин рӯ мо бо ифтихор аз Роҳбари давлати худ шукргузорем, ки чунин сарвар дорем ва сиёсати ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.
Конференсияи мазкур бо иштироки олимону муҳаққиқон, сиёсатмадорон, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, сафирони зиёда аз 20 кишвару созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ, намояндагони донишгоҳу муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷ ва муҳаққиқону донишҷӯёни донишгоҳҳои кишварҳои ҷаҳон баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки дар раванди кори конференсия намояндагони сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва чанд тан муҳаққиқони тоҷик аз давлатҳои хориҷ тариқи онлайнӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конфронсро пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфия Абдулхолиқзода бо сухани ифтитоҳӣ ифтитоҳ намуда, меҳмонони дохиливу хориҷиро ба боргоҳи азими маърифату адаб хайрамақдам гуфт. Лутфия Абдулхолиқзода бо истифода аз фурсати муносиб ҷашни муқаддаси 35 – солагии Истиқлоли давлатии кишварамонро ба якояки ҳозирин шодбош гуфта, “оромию осоиштагӣ ва истиқлолияти абадиро таманно”намуд.
“Боиси сарфарозӣ аст, ки мо дар фазои сулҳу салоҳи комили кишварамон аз ҷашнҳои миллию давлатиямон истиқбол мекунем ва аз ҷоннисорӣ, заҳмату созандагии фарзандони фарзонаи ин сарзамин сухан мегӯем.
Барои ман хеле ифтихорбахш аст, ки дар бораи яке аз бунёдгузорони Тоҷикистони навин, шахсияти сулҳовару фарҳангпарвари миллати тоҷик: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан мегӯям”, – афзуд директори Китобхонаи миллӣ Лутфия Абдулхолиқзода.

Илми сиёсатшиносӣ нишон медиҳад, ки роҳбари воқеӣ на онест, ки кореро тавонад ба анҷом расонад, балки касе метавонад роҳбари воқеӣ бошад, ки дар шароити буҳронӣ суботи сиёсиро ҷорӣ намояд, амнияти миллиро таъмин кунад ва системаи давлатдориро роҳандозӣ карда, дастгоҳи идораи давлатро дар роҳи рушди устувор равона кунад.
Аз ин нигоҳ, мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи барҷастаи роҳбарӣ дар идоракунии марҳилаи буҳронӣ ва боиси пайравию омӯзиши амиқи илмӣ мебошад.
Аз таҳлилҳои сиёсатмадорони ҷаҳонӣ бармеояд, ки муҳимтарин муваффақияти сиёсати давлатсозии Пешвои миллат, ба сулҳу ваҳдати миллӣ расонидани миллати тоҷик ва эҳёи армонҳои тоҷикона дар тинати ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.”
Дар идома баромади худ Лутфия Абдулхолиқзода аз истиқлоли Тоҷикистон сухан ронда чунин гуфт: “Имрӯз истиқлолияти моро 192 кишвари ҷаҳон эътироф карда, Тоҷикистон бо 186 кишвари сайёра муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, шаҳрвандони мо дар 47 кишвари ҷаҳон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Имрӯз агар дар ҳар гӯшаи олам доир ба об, захираҳои он, мушкилоти обу энергетика, тағйирёбии иқлим, ҳифзи табиат ва сулҳу салоҳи пойдор сухан равад, бе муҳобот, исми Сарвари Тоҷикистон бо ин масъалаҳо рӯ мехезад. Зеро ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид на танҳо ба манфиати Тоҷикистон ва ё мамлакатҳои минтақа, балки ба масоили ҷаҳонӣ марбут буда, барои кишвари мо эътибори байналмилалӣ бахшидааст.”

Лозим ба тазаккур аст, ки директори Китобхонаи миллӣ Лутфия Абдулхолиқзода аз осори безаволу мондагори Пешвои муаззами миллат ёдовар шуда, доир ба саҳми миллати тоҷик дар ташаккули фарҳанги ҷаҳонӣ, чеҳраҳои мондагори миллат, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ хидмат кардаанд ва ҷонфидоии Президенти Тоҷикистон дар роҳи эҳёи таърихи миллати тоҷик аз ҷумла чунин гуфт:“Воқеаи таърихие, ки моҳи майи соли равон доир ба боргардонидани мушти хоки фарзандони фарзонаи Тоҷикистон: Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ба вуқуъ пайваст, боз ҳам як такони ҷиддие дар самти ҳифзи ҳақиқат ва асолатҳои таърихӣ мебошад, ки Пешвои миллат бо ҷасорати илмию ҳувияти таърихӣ ин саҳифаи навинро варақ заданд.
Таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада Тиргон, инчунин арҷгузорӣ ба мероси адабию фарҳангии адибону ҳакимоне чун Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Мавлоно, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Аҳмади Дониш, Шамсиддин Шоҳин, Устод Айнӣ ва дигар чеҳраҳои бузурги фарҳангӣ ба таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат намуданд.”

Дар фароварди баромади хеш Лутфия Абдулхолиқзода чунин иброз дошт: “Таърих гувоҳ аст, ки баъд аз заволи ҳокимияти Сомониён аз мероси ин кишвари бузург, ки як хиттаи азими ҷаҳонро ҳокимият мекард, танҳо 3%-и он ба дасти меросбаронаш расидааст. Ва дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ талошҳои зиёде сурат мегирифт, ки онро низ аз соҳибихтиёрӣ берун ва тоҷикро дар сарзамини худаш беҳуқуқ гардонанд.
Маҳз дар ҳамин марҳалаи таърихӣ иродаи комил, ҷасорати миллӣ, ҳувияти асил ва дониши баланди оянданигарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо тавонистем дасти бегонагонро аз замини поки кишварамон кӯтоҳ кунем, муттаҳид гардем, ваҳдати миллиро аз шиор ба шуур табдил диҳем ва Тоҷикистонро аз як кишвари ҷангзадаву муҳтоҷ ба як давлати ободу сулҳпарвар, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва кишвари кумакрасон мубаддал созем.”
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҳамаи ҳозиринро бо ҷашни 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, офтоби тобони саодату истиқлол ва сулҳу суботи пойдор таманно намуд. “Истиқлолият оғози марҳалаи нави ташаккули миллӣ маҳсуб гардида, аҳли олам тоҷиконро чун миллати дорои фарҳанги қадиму бой, соҳибихтиёр ва рӯ ба пешрафтниҳода эътироф намудаанд.”
Дар идомаи суҳбат меҳмони воломақоми конфронси байналмилалии имрӯза Дилрабо Мансурӣ таъкид намуд, ки интихоб ва пешбурди сиёсати дарҳои боз мояи рушди муносибатҳои байналмилалӣ гардида, пешбурди муваффақонаи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои байналмилалӣ кишвари моро ба яке аз ташаббускорони ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра мубаддал намудааст. “Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16-декабри соли 2025 иброз намуданд, ки дар шароити бӯҳрониву ноороми ҷаҳони имрӯз, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррӯзаи ҳар шаҳрванди бонангу номуси мамлакат мебошад.”
Дилрабо Мансурӣ сухан аз дастовардҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, сиёсати дарҳои боз, ташаббусҳои беназири Президент сухан ронда иброз дошт, ки маҳз соҳибхирадӣ ва дурандешии Сарвари давлат боис гардид, ки ҳисси эътимоду боварии халқ бароиояндаи дурахшони миллат афзуд.
Дилрабо Мансурӣ зимни суханронии худ аз ибтикороту ташаббусҳои Президенти кишварамонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, арзишҳои фарҳангӣ ба монанди эълон гардидани соли тамаддуни ориёӣ, соли бузургдошти Абуҳанифа Имоми Аъзам ва бозсозии маконҳои таърихии миллати тоҷикро ҷузъи таркибии сиёсати таърихиву фарҳангии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.
Сиёсати дарҳои боз, ки ҳамагон онро эътироф мекунанд, боис шуд, то кишвари мо на танҳо мавқеияти худро қавитар созад, балки бо ёфтани равиши роҳи дипломатияи худ дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд. Бахусус ташаббусҳои беназиру сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат вобаста ба гиромидошти об ҳамчун неъмати бебаҳои табиат, муқовимат бо терроризму экстримизм ва қабули қатъномаи махсус таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” аз 25-уми июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам боло бардошт.
Дар идомаи нишаст муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар баромад намуда, зимни суханронии худ аз нақши мондагор ва саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ сухан ронд. Мавсуф таъкид дошт, ки конференсияи имрӯза маҳз баҳри бедор намудани ҳувияти миллӣ ва ифтихори миллӣ равона гардидааст. Тамоми ташаббусҳои Пешвои миллат башарӣ буда, ниёз ба шарҳу тавзеҳ надоранд. Башарият сулҳи Пешвои миллати моро чи гуна истиқбол намуданд, ба ҷаҳон рушан аст, зеро ин ташаббуси олии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тафаккури дунёро ба ларза овард.
Ҷон фидо дар роҳи паймон кардааст,
Сад биёбонро гулистон кардааст.
Сарзамини пора-пора гаштаро,
Ҷамъ карда Тоҷикистон кардааст.
“Рисолати бузурги Пешвои муаззами миллат баҳри ҳазорсолаҳо чун рисолат ва сифатҳои шоиставу мондагори Исмоили Сомониву Куруши Кабир ёд мешаванд, зеро хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон моли таърих шуданд.”
Ба андешаи муовини вазири фарҳанг Давлат Сафар роҳе, ки Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб карданд, роҳест ибратомӯз ва дарсест садоқат ба Ватан .
Раҳи фархундагиву сарбаландӣ аст роҳи мо,
Раҳи уммеди мушкилнописандӣ аст роҳи мо,
Мақому манзалат андар баландӣ аст роҳи мо,
Заволу сарнагуни мустамандӣ аст роҳи мо.
Дар фарҷоми суханронии худ Давлат Сафар аз Китобхонаи миллӣ ҷиҳати баргузор намудани чунин як ҳамоиши муҳими илмиву назариявӣ изҳори сипос намуд.
Гуфтан бамаврид аст, маърӯзачиён дар суханрониҳои худ фаъолияти сиёсӣ, фарҳангӣ, байналмилалӣ, илмию таърихӣ ва нақши мондагору саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалиро таҳлилу баррасӣ намуда, сабақҳои кории Пешвои муаззами миллати тоҷикро шоистаи омӯзиш, таҳқиқ ва пайравӣ донистанд.
Ҳамчунин омӯзиш таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ва муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ нақши муҳим дорад.
Махфират МУҲИДДИНОВА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.