Анҷоми курси бозомӯзии «Асосҳои дониши библиографӣ» дар Китобхонаи миллӣ

Курси бозомӯзии «Асосҳои дониши библиографӣ», ки аз 25.11.2025 то 13.01.2026 идома дошт, бо муваффақият ҷамъбаст гардид. Гуфтанист, ки ин давраи омӯзишӣ дар доираи барномаи такмили ихтисоси кормандони ғайри соҳаи китобдорӣ баргузор гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва такмили малакаҳои амалии иштирокчиён дар самти фаъолияти библиографӣ, инчунин  беҳтар намудани сифати хизматрасонии иттилоотӣ ба хонандагон буд.

Машғулиятҳоро Насиба Дониёрова, муовини Маркази таҳсилот ва иноватсияҳои китобдорӣ роҳбарӣ намуд. Зимни омўзиш иштирокчиён бо асосҳои назариявии библиография, қоидаҳои тавсифи библиографӣ, тартиб додани феҳристу картотекаҳо, таҳияи дастурҳои библиографӣ ва усулҳои муосири ҷустуҷӯву коркарди иттилоот шинос гардиданд. Ҳамзамон, баъд аз омўзиши курси мазкур ба омўхтани барномаи Алеф (ALEPH) шуруъ хоҳанд кард.

Қисми амалии омӯзиш ба таҳияи рўйхатҳои адабиёт, феҳристҳои мавзуӣ ва дигар маводи библиографӣ бахшида шуда, шунавандагон имконият пайдо намуданд, ки донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намоянд.

Дар курси мазкур 10 нафар кормандони китобхона иштирок намуда, пас аз супоридани санҷиши ҷамъбастӣ 8 нафари онҳо бо «Сертификат»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Баргузории чунин курсҳо дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ба рушди касбияти кормандон, такмили фаъолияти библиографӣ ва таҳкими фарҳанги иттилоотӣ мусоидат менамояд.

Фирӯза Муҳаммадҷонова,
мутахассиси пешбари Марказ