Анҷоми як давраи омӯзишии дигар дар Китобхонаи миллӣ

Дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омўзишии амсилаи “Феҳристнигорӣ, бақайдгирӣ ва қисми WEB-OPAK”-и барномаи ALEPH бо ҷалби кормандони Китобхона, ки аз 27-уми апрел то 4-уми июни соли 2026 идома дошт, бомуваффақият ҷамъбаст гардид.

    Давраи омӯзишии мазкур тибқи нақшаи кории Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ дар доираи барномаи такмили ихтисоси кормандони китобхона ташкил шуда буд.

Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ,  такмили малакаҳои амалии иштирокчиён дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва мусоидат ба беҳтар гардидани сифати хидматрасонии иттилоотӣ ба хонандагон мебошад.

Машғулиятҳои таълимиро муовини сардори шуъбаи феҳристнигорӣ Гулноза Халилова роҳбарӣ намуд. Зимни омўзиши курси мазкур иштирокчиён бо амсилаи «Феҳристнигорӣ»,«Бақайдгирӣ» ва «WEB-OPAK» барномаи ALEPH, қоидаҳои истифодабарии барномиаи мазкур шинос гардиданд. Ин курс ба китобдорон кўмак мекунад, ки бо технологияҳои иттилоотӣ кор кунанд ва малакаҳои касбиашонро такмил дода, сифати хидматрасонии китобхонаро беҳтар  кунанд.

Дар қисми амалии курс иштирокчиён бевосита бо барномаи ALEPH кор карда, малакаҳои ҷустуҷў, воридсозӣ ва коркарди  маълумотро такмил доданд. Қисми амалии курс дар омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба ва баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо нақши муҳим дорад.

  Дар курси мазкур 12 нафар кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуда, аз онҳо дар санҷиши ҷамъбастӣ 9 нафар имтиҳони хатм супурданд.

    Баргузории чунин давраҳои омӯзишӣ дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и ДИПҶТ минбад низ идома хоҳад кард ва ин  гуна курсҳо метавонанд ба рушди қобилият ва малакаи касбии кормандони соҳа такмили фаъолияти иттилоотӣ мусоидат намояд.

Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ тасмим гирифтааст, ки курсҳои такмили ихтисосро дар оянда низ бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ роҳандозӣ намояд.