АНОНС: “35-соли истиқлоли давлатӣ: рушди имкониятҳои шахсони дорои маъюбият — аз кумак ба мустақилона”

Ба хотири пуштибонӣ аз қишри ниёзманди ҷомеа  дар толори якуми ошёнаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат таҳти унвони «35-соли истиқлоли давлатӣ: рушди имкониятҳои шахсони дорои маъюбият — аз кумак ба мустақилона» баргузор мегардад.

Нишасти мазкур ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба баррасии масъалаҳои муҳими рушди имкониятҳо, баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоӣ ва иқтисодии шахсони дорои маъюбият ва таҳкими заминаҳои гузариш аз муносибати кумакрасонӣ ба фароҳамсозии имкониятҳои воқеии мустақилона равона шудааст.

Аз ин рӯ, масъалаи «аз кумак ба мустақилият» на танҳо як ҳадафи иҷтимоӣ, балки бозгӯи муносибати нав ба имконияту неруи инсонӣ мебошад.

Дар семинар-машварат масъалаҳои марбут ба рушди иқтидори шахсони дорои маъюбият, имкониятҳои иштироки онҳо дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, нақши дониш ва таҳсил дар таҳкими мустақилияти шахсӣ, инчунин зарурати фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи қобилиятҳои онҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Макон: Китобхонаи миллӣ

Замон: 24 августи соли 2026

Вақт: Соати 10:00

Вуруд озод