АНОНС: Ҳаёт ва фаъолияти Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар барномаи «Фурӯғ»

17 июли соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», барномаи фарҳангиву маърифатии «Фурӯғ», бахшида ба рӯзгор, фаъолияти эҷодӣ ва осори мондагори Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, фарзанди фарзонаи миллат Мирзо Турсунзода, баргузор мегардад.

Барнома дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакон ва наврасон – Баҳористон» дар шуъбаи адабиёти бачагонаи Китобхонаи миллӣ баргузор гардида, фарогири суҳбатҳои илмӣ ва адабӣ, қироати ашъори устод Мирзо Турсунзода, муаррифии саҳифаҳои муҳими ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ӯ ва дигар бахшҳои ҷолиби фарҳангӣ хоҳад буд.

Китобхонаи миллӣ ҳамаи дӯстдорони каломи бадеъ, муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён, хонандагон ва ҳаводорони ашъори устод Мирзо Турсунзодаро барои иштирок дар ин маҳфили пурмуҳтавои адабӣ самимона даъват менамояд.

Макон: Шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ
Рӯзи баргузорӣ: 17 июл

Замони баргузорӣ: 10: 00

Вуруд озод