АНОНС: Баргузории маҳфили “Сад дорандаи ҷоизаи Нобел”- и Китобхонаи миллӣ дар давраи таътили тобистона
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди зеҳнии наврасону ҷавонон дар давраи таътили тобистона маҳфиле таҳти унвони “Сад дорандаи ҷоизаи Нобел” баргузор менамояд.
Ҳадаф аз баргузории маҳфили “Сад дорандаи ҷоизаи Нобел” ин пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ ва дар ниҳоди наврасону ҷавонон тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба ганҷинаи бузургони миллати тоҷик мебошад.
Дар маҳфили нахуст оиди Эрнест Миллер Ҳемингуэй — нависанда, рӯзноманигор ва хабарнигори ҳарбии машҳури амрикоӣ, барандаи Ҷоизаи Пулитсер ва Ҷоизаи Нобел барарсӣ мегардад.
Марҳабо ба маҳфили Китобхонаи миллӣ
Рӯзи баргузорӣ: 2- уми июли соли 2026
Замон: соати 10:00
Макон: Китобхонаи миллӣ, толори хониши адабиёти хориҷӣ
Вуруд озод.