АНОНС. Боз як маҳфили тозабунёд!

Агар шумо мехоҳед, ки донишҳои ибтидоии худро дар самти мақоланависӣ такмил дода, бо нозукиҳои ин ҳунар аз наздик шинос шавед, пас маҳфили омӯзишии “ЭҶОДКОРОНИ НАВҚАЛАМ” барои шумост.
Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги илмӣ, рушди саводнокӣ ва маърифати ҷомеа Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабии «Эҷодкорони навқалам»-ро баргузор менамояд.
Дар маҳфил олимону муҳаққиқони соҳаи забоншиносӣ, адибон ва эҷодкорони навқалам иштирок намуда, бо асосҳои мақоланависӣ, меъёрҳои таҳияи мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, инчунин роҳу усулҳои дурусти таҳқиқ ва пешниҳоди маводи илмӣ шинос хоҳанд шуд.
Ҳадаф аз баргузории маҳфил фароҳам овардани фазои созандаи илмӣ ва адабӣ, ҷалби ҷавонон ба эҷодкорӣ ва таҳкими фарҳанги китобхонӣ мебошад.
МО ШУМОРО ИНТИЗОР ҲАСТЕМ, МАРҲАБО!
Макон: Китобхонаи миллӣ, ошёнаи дуюм
Сана: 23 июли соли 2026
Замон: соати 14:00–15:00
Вуруд: озод