АНОНС: “Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат”

Ба истиқболи 35-солагии ҷашни фархундаи миллат – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: АБАРМАРДИ СИЁСАТ, ҲАҚИҚАТНИГОРИ ТАЪРИХ, ҲУВИЯТОФАРИ МИЛЛАТ” баргузор мегардад.
Дар Конференсияи мазкур олимону муҳаққиқон, сиёсатмадорон, намояндагони Корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, намояндагони донишгоҳу муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷ иштирок намуда, тарҷумаи синхронӣ, сабти видеоӣ ва пахши мустақими чорабинӣ таъмин карда шудаанд.
Ҳамчунин дар Конференсияи байналмилалӣ суханронии тоҷикони бурунмарзӣ аз Федератсияи Русия, Британияи Кабир, Иморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳуриии Мардумии Чин ва кишвари Ҷопон шунида хоҳад шуд.
Макони баргузории Конференсия байналмилалӣ: Китобхонаи миллӣ
Рӯз: 12-уми августи соли 2026
Замон: 13:00