Анонс: “Ҷашни Сада мерос аз ниёгони мост”

СадаШуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ тасмим дорад, бахшида ба  яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони ориётабор Сада  мизи гирд баргузор намояд.

Қарор аст, дар кори ин ҳамоиш  муаррихон ва фарҳангшиносон, намояндагон аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ҳамчунин роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ ширкат ва суханронӣ намоянд.

Рӯзи баргузорӣ: 31-уми январи соли 2025

Замон: соати 14:00
Макон: Китобхонаи миллӣ (ошёнаи 3)
Вуруд озод аст.

Марҳамат намоед ба ин сайри таърихӣ ва аз суҳбати муаррихону муҳаққиқон  ва фарҳангшиносон баҳравар гардед!!!