АНОНС. Китоб — чароғи маърифат ва калиди ҷаҳони дониш!

4-уми сентябри соли 2026, соати 10:00, дар толори адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар доираи барномаи телевизионии «Фурӯғ» ва бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили фарҳангиву маърифатӣ баргузор мегардад.

Ҳадафи чорабинӣ ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, рушди ҷаҳонбинӣ ва тарғиби фарҳанги мутолиа миёни насли наврас мебошад.

Дар маҳфил иштироки меҳмоне, ки аз сӯҳбаташ як ҷаҳон ғизои маънавӣ хоҳед бардошт дар назар аст

 Маҳфил барои ҳамаи хонандагони шуъба озод ва дастрас буда, иштироки кӯдакону наврасони китобдӯсту китобхон хуш пазируфта мешавад.

Китоб бихонем — дониш андӯзем, ҷаҳонро бишносем ва ояндаро созем!

Рӯз: 4 сентябри соли 2026
Вақт: соати 10:00
Макон: толори адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ

Вуруд озод