АНОНС. Конференсияи байналмилалӣ. “Нақши Ҷӯрабек Назрӣ дар рушди илм ва фарҳанги тоҷик”

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 80-умин солгарди гиромидошти Арбоби шоистаи санъати РСС Тоҷикистон, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон , узви иттифоқи композиторони Тоҷикистон, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаққиқ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷӯрабек Назрӣ таҳти унвони  Нақши Ҷӯрабек Назрӣ дар рушди илм ва фарҳанги тоҷик” баргузор мешавад.

Дар кори конфронс роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати фарҳанг ва муҳаққиқон аз кишварҳои Русия, Эрон, Ӯзбекистон иштирок ва доир ба нақш ва мақоми ин ҳунарманд ва донишманди маъруф андешаронӣ хоҳанд кард.

Марҳамат намоед ва аз суҳбати олимону муҳаққиқон ҷаҳони маънӣ баред…

 

Рӯзи  баргузорӣ: 24- уми июни соли 2026

Замон: соати 9:30

Макон: Китобхонаи миллӣ, ошёнаи 3-юм.

Вуруд озод.

 

Теги: робита бо ҷомеа