Анонс. Маҳфили адабӣ-маърифатии “Ганҷи ҷовидон”

Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабӣ-маърифатӣ аз силсилаи ГАНҶИ ҶОВИДОНтаҳти унвони “Муаррифии як дастхат” баргузор мегардад.
Мавзӯи суҳбати “Муаррифии як дастхат” “Шоҳнома”-и безаволи Ҳакими Тӯсӣ – Абулқосим Фирдавсӣ буда, ҷанбаҳои гуногуни дар асар тасвиргашта – воқеаҳои таърихӣ, афсонавӣ ва қаҳрамонии асар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Шоири халқии Тоҷикистон Мӯҳтарам Ҳотам, бо ҳузур ва суханронии худ дар ташаккули эҳсоси масъулият нисбат ба ояндаи миллат мусоидат менамояд. Ҳамзамон иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” аз достонҳои ин шоҳасари безавол порчаҳо қироат намуда, фазои маҳфилро саршори тантана месозанд.
Пас, биёед, бори дигар бо таърихи миллат, арзишҳои миллӣ ва қаҳрамонони халқ шиносоӣ пайдо намуда, эҳсоси ифтихори миллӣ ва худшиносии миллиро дар худ тақвият диҳем!
Макон: Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи китоби дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир (ошёнаи 3)
Замон: 17 июли 2026, соати 10:00
Вуруд озод.