Анонс: Маҳфили «Ахтари тобони ҳунари ҳаҷв» бахшида ба 70-солагии Асланшоҳ Раҳматуллоев
1-уми октябри соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба 70-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев таҳти унвони «Ахтари тобони ҳунари ҳаҷв» баргузор мешавад.
Қарор аст дар он намояндагон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов, Театри русӣ-драмавии ба номи В. Маяковский, Театри миниётураи “Оина”, Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, намояндагони васоити ахбори омма ширкат намоянд.
Рӯзи баргузорӣ: 01.10.2024
Замон: соати 14:00
Макон: Китобхонаи миллӣ
Вуруд озод.