АНОНС: Маҳфили “Бо амри дил” дар Китобхонаи миллӣ

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон бо мақсади рушд, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонони дорои маъюбият дар давраи таътили тобистона Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангии басо ҷолибро роҳандозӣ намудааст.

Маҳфил “Бо амри дил” унвон дошта, дар он роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, сарпарастон ва хайрхоҳони ватанӣ ва ҳамчунин аъзоёну хонандагони доимии шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд иштирок ва суханронӣ мекунанд.

Марҳабо ба ин маҳфили дилнишин, ки БО АМРИ ДИЛ баргузор мегардад.

Макон: Китобхонаи миллӣ

Замон: 7 июли  2026, соати 14:00

Вуруд озод.