АНОНС. Маҳфили фарҳангиву фароғатии «Навниҳолони боғи истиқлол»

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Китобхонаи миллӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатиро ба таври мунтазам баргузор менамояд. Аз ин рӯ, шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри хотирмон сипарӣ гаштани таътили тобистонаи хонандагони наврас маҳфили фарҳангиву фароғатии ҷадиде таҳти унвони “Навниҳолони боғи истиқлол”баргузор менамояд.
Барномаи маҳфил аз саломнома, шеърхонӣ, саҳначаҳои тарбиявӣ, тақлидкорӣ, рақси якка, суолу ҷавоб ва сурудхонӣ иборат буда, барои хонандагони наврас ва дигар дӯстдорони фарҳанг муҳтавои ҷолибу хотирмон пешкаш хоҳад кард.
Аз ҳамаи ҳаводорони барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ даъват ба амал меорем, ки дар ин маҳфил иштирок намуда, шоҳиди ҳунару истеъдоди ин навниҳолони боғи истиқлол гарданд.
Макон: Китобхонаи миллӣ, ошёнаи сеюм
Замон: 24 июли соли 2026
Вақт: 10:00
Вуруд: Озод