АНОНС. Маҳфили фарҳангӣ. “Саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик”

30-юми октябри соли 2025 дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шодравон Давлатманд Холов маҳфили фарҳангӣ баргузор мегардад.
Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар омода гардида, “Саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик” унвон гирифтааст.
Дар нишаст иштироки роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, намояндагон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоқикистон ба номи М. Турсунзода, кормандони Китобхона ва васоити ахбори омма пешбинӣ шудааст.
Ба маҳфили фарҳангӣ марҳамат намоед ва бо ҳузури худ равони дорандаи садои ҷовидонии фалакро шод гардонед!
Рӯзи баргузорӣ: 30-юми октябри соли 2025
Замони баргузорӣ: соати 14:00
Макони баргузорӣ: Китобхонаи миллӣ. (Ошёнаи 9-ум)
Вуруд озод.