Анонс. Маҳфили “Хонандаи имрӯз – созандаи фардо”

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати китобхонӣ, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабӣ-фарҳангиро таҳти унвони «Ҳамқадами адабиёти муосири тоҷик» баргузор менамояд.
Меҳмони маҳфил:
Шодӣ Раҷабзод – нависанда, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Дар маҳфил оид ба эҷод ва фаъолияти нависанда, нақши адабиёти муосири тоҷик ва ҳикояву қиссаҳои муосир суҳбати озод баргузор гардида, иштирокчиён метавонанд саволҳои худро пешниҳод намоянд.
Рӯз: 30 июли соли 2026
Соат: 10:00
Макон: Шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагони Китобхонаи миллӣ.
Вуруд озод.
Ҳамаи дӯстдорони китоб ва адабиётро ба маҳфил даъват мекунем!