АНОНС: Маҳфили “Хонандаи имрӯз – созандаи фардо”

Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо мақсади рушди зеҳнии наврасону ҷавонон дар давраи таътили тобистона маҳфили адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Хонандаи имрӯз – созандаи фардо” баргузор менамояд.

Мавзуи нахустмаҳфил “Аз афсона то маърифат” буда, ҳадаф аз баргузории чунин маҳфилҳо ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ва дар замири онҳо бедор намудани ҳисси баланди меҳанпарастӣ, дӯстию рафоқат ва масъулиятшиносӣ мебошад.

Дар маҳфил қироати шеър дар васфи Ватан, Истиқлол, Сулҳ, Ваҳдат, Китоб ва Дониш саҳначаи адабиву сароидани суруд, бозии интерактивӣ, суолу ҷавоб бо иштирокдорони маҳфил ва аз ҳама ҷолибтар суҳбат бо қаҳрамонони афсона дар назар аст.

Баргузории маҳфил шавқовар  хоҳад буд.

БИЁЕД ИМРӮЗ БИХОНЕМУ ФАРДО БИСОЗЕМ.

Макон: Китобхонаи миллӣ

Замон: 8 июли  2026, соати 10:00

Вуруд озод.