АНОНС. Маҳфили “Муколамаи адабӣ”

Ба диққати дӯстдорони китобу китобхонӣ мерасонем, ки Китобхонаи миллӣ шуморо ба маҳфили “Муколамаи адабӣ” даъват менамояд. Маҳфил рӯзи 28-июли 2026, соати 10.00 дар толори Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…» бо иштироки доираи васеи дӯстдорону ҳаводорони асарҳои бадеӣ баргузор мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварда, дар фазои озоди маҳфили “Муколамаи адабӣ” ширкат варзанд. Синну соли иштирокдорон аз 14-сола боло.
Ин навбат асари машҳури сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Айнӣ “Марги судхӯр” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад.
Марҳамат, биёед ва донишу ҷаҳонбинии адабии худро дар ин самт васеъ намоед. Китобхонаи миллӣ шуморо интизор аст.
Замон: 28-юми июли соли 2026, соати 10:00
Макон: Китобхонаи миллӣ, толори Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” (ошёнаи 2)
Телефон барои тамос: 559 744 004