АНОНС. Маҳфили “Муколамаи адабӣ”

Агар шумо ба адабиёт шавқу рағбат дошта бошед ва мехоҳед донишу ҷаҳонбинии адабии худро дар ин самт васеъ намоед, Китобхонаи миллӣ шуморо ба маҳфили “Муколамаи адабӣ” даъват менамояд. Маҳфил дар толори Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…» бо иштироки доираи васеи дӯстдорону ҳаводорони асарҳои бадеӣ баргузор мегардад.
Маҳфили “Муколамаи адабӣ” ҳар ҳафта, рӯзҳои сешанбе баргузор шуда, хоҳишмандон метавонанд ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварда, дар фазои озоди адабӣ асарҳои адибони классик ва муосири тоҷик ва ҷаҳонро якҷо таҳлилу баррасӣ намоянд.
Биёед, китобҳои хондаатонро бо ҳам таҳлил кунед ва аз муколамаи судманди адабӣ баҳра бардорем!
Синну соли иштирокдорон: аз 14-сола боло.
Дар нахустин нишасти маҳфил иштирокдорон асари «Саргузашти Собир»-и Сотим Улуғзодаро мавриди таҳлил қарор медиҳанд.
Марҳамат намоед!!!
Замон: 23-юми июни соли 2026
Соат: 10:00
Макон: Китобхонаи миллӣ, толори Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” (ошёнаи 2)
Шитобед ва рӯзҳои тобистониро бо каломи нобу рангин боз ҳам зеботару хотирмон созед.
Телефон барои тамос: 559 744 004