АНОНС. Маҳфили “Панҷ истеъдод”

Шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ҳамаи кӯдакону наврасони соҳибистеъдодро ба маҳфили тоза ва ҷолиби “Панҷ истеъдод” даъват менамояд.

Дар маҳфил иштирокчиён метавонанд маҳорати худро дар самтҳои зерин нишон диҳанд:

Расмкашӣ
Ҳунари ровигӣ
Навозиши асбобҳои мусиқӣ
Ҳунари тақлидкорӣ
Ҳунари кадбонугӣ

Биёед ва дар рӯзҳои таътили тобистона истеъдодҳои навтарини худро  муаррифӣ намоед!

Мо шуморо интизорем!

  Рӯзи маҳфил: 25 июни соли 2026
Соат: 10:00
Макон: Шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ

Вуруд озод.