Анонс. Марҳабо ба маҳфили адабии «Эъҷози шеър»

Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамаи дӯстдорони шеъру адабро ба маҳфили адабии «Эъҷози шеър» даъват менамояд. Маҳфил рӯзи 28 июли соли 2026 бо иштироки шоири маъруф Одинамуҳаммади Cуфӣ баргузор гардида, дар доираи он суҳбати адабӣ, қироати ашъор ва барномаи фарҳангиву фароғатӣ пешниҳоди ҳаводорони каломи бадеъ хоҳад шуд.

Ин нишаст барои дӯстдорони шеъру сухан имконияти муносиб фароҳам меорад, то ба эҷодиёти шоир бештар ошно гардида, аз фазои маънавӣ ва фарҳангии маҳфил баҳравар шаванд.

Аз ҳамаи дӯстдорони адабиёти тоҷик ва ҳаводорони каломи бадеъ даъват ба амал меорем, ки дар ин маҳфили фарҳангӣ иштирок намоянд.

Рӯзи баргузорӣ: 28 – уми июли соли 2026
Замон: 10:00
Макон: Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ошёнаи 3
Вуруд: озод